Дар Маркази намоишгоҳи ноҳияи Ҷомбой тӯли ду рӯз дар мавзӯи «Ярмаркаи меҳнат – рӯзи интихоби касб» анҷумани бошукӯҳ баргузор гардид. Дар чорабинӣ вакилон аз Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон, Белорус ва якчанд кишварҳои Аврупо ва Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ, инчунин намояндагони мактабҳои олии бонуфузи ҷаҳон ширкат варзиданд.
Дар намоишгоҳ натанҳо маълумот дар бораи касб, инчунин рӯйхати ҷойи кор, анҷомҳои меҳнат низ ба намоиш гузошта шуда, ба тамошобинон маълумоти зарурӣ пешниҳод гардид.
Бояд гуфт, ки дар рӯзи нахустин қариб 4 ҳазор нафар иштироккунандагон бо тартиби қабул ба кор ва таҳсил шинос шуда, бо ташкилкунандагони тадбир мубодилаи афкор намуданд. Воқеан, аксарияти ҳозирон хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, донишҷӯёни литсею коллеҷҳо ва ҷавонони муваққатан бекор буданд.
Дар доираи чорабинӣ масъулони мактабҳои олӣ, мутахассисони заводу фабрикаҳо, намояндагони ширкату фирмаҳои бонуфузи ҷаҳон бо довталабон суҳбат оростанд.
Боиси хушнудист, ки 55 донишгоҳи бонуфузи хориҷӣ бо мактабҳои олии Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ баста, ҷавононро ба таҳсили имтиёзнок таклиф намуданд.
Бояд гуфт, ки Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов яке аз иштирокдорони фаъоли чорабинии мазкур буда, имсол беш аз 5 ҳазор нафар донишҷӯён факултаҳои гуногуни донишгоҳро хатм ва бо интихоби касби дӯстдошта фаъолияти меҳнатии худро оғоз мекунанд.
Муродулло ТИЛЛОЕВ,
мудири шуъбаи маркетинг ва кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Самарқанд.