ПИСАРОН – НОМИ БАЛАНДИ ПАДАРОН...

Дар театри драмавии мусиқии Самарқанд осорхонаи арбоби санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон, аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, устод Даврон Сафозода кушода шуд.

Даврон Сафозода 31-уми декабри соли 1932 чашм ба олами ҳастӣ кушода, пас аз хатми мактаби миёна шомили омӯзишгоҳи санъати тасвирии Самарқанд гардид. Аз мусаввирони номдор, ба хусус Павел Бенков асрори расмкаширо омӯхт. Сипас дар донишкадаи рассомӣ ва театрии ба номи Островский (Тошканд) таҳсил гирифта, бо роҳхат ба Душанбешаҳр рафт ва дар маҷаллаи «Хорпуштак» ба кор  оғоз намуда, то ба дараҷаи ҷонишини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон расид. Баъдан аз соли 1971 то 2012 дар театри драмавии мусиқии Самарқанд ҳамчун саррассомии театр фаъолият бурд.

Равшан аст, ки санъати рассомӣ воситаи муҳими инъикос ва тафсири бадеии воқеият буда, бо ин ба афкору эҳсосоти тамошобинон таъсир мерасонад. Маҳз рассом барои ифодаи ғояи муайян мавзӯъ ва сюжет интихоб мекунад, композитсияе меофарад, ки бояд бинандаро муассир кунад.

Устод Даврон Сафозода ба асарҳои саҳнавӣ чун «Майдача», «Эшмат ва Тошмат», «Соҳибқирон Амир Темур», «Огоҳ, шавед, мардум!», «Ҳангомаҳои Тупаланг», «Саргузашти Соли Нав» ва ғайра композитсияҳои бадеӣ ва ороишӣ офарид. Ӯ инчунин чеҳраҳои алломаҳои Шарқ Абӯабдулло Ҷаъфар ибни Муҳаммад Рӯдакии Самарқандӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Абурайҳон Берунӣ, Имом Бухорӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Мирзо Улуғбек ва дигаронро бо маҳорати баланд кашидааст.

Дар ороиши асарҳои бадеӣ низ хидмати шоиста дорад. Асарҳои рассом дар Русия, Олмон, Италия, Латвия, Гурҷистон, Арманистон, Хитой ва кишварҳои дигар ба намоиш гузошта шудаанд. Дар чандин осорхонаҳои олам намуна аз асарҳои ӯ маҳфузанд. Аз ҳама муҳимаш, вай шогирдони бешумор дорад, ки дар байни онҳо академик-рассомон низ ҳастанд ва яке аз онҳо Аслиддин Исоев аст.  Боиси ифтихору хушнудист, ки фарзандон низ ворисони муносиби сулолаи Сафозода ҳастанд.

Рост гуфтаанд, ки – писар, к-ӯ чун падар бошад, ситоишро сазовор аст!

Ҳосили боғи падар

Падарон – номгузори писарон,

Писарон – номи баланди падарон.

Падарон – пушту паноҳи писарон,

Писарон – лоиқи тахти падарон...

(Ҳақназар Ғоиб)

Сад дареғо, ки соли 2015 мусаввири номӣ, устоди санъати тасвирӣ, инсони хоксору дарёдил Даврон Сафозода ба Ҳақ пайваст ва имрӯз кори неку номи неки ӯро писараш Баҳром Сафозода идома медиҳад. Ҳоло вай саррассоми театри драмавии мусиқии Самарқанд аст.

Бо ташаббуси Баҳром Давронович дар арафаи ҷашни рӯзи байналхалқии театр осорхонаи равоншод Даврон Сафозода кушода шуд ва ба ин муносибат анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар тадбир рассомон, ҳайкалтарошон, ҷамоати омӯзишгоҳи санъати тасвирии Самарқанд, вакилони расонаҳои ахбор, хешу пайвандони Даврон Сафозода ширкат варзиданд.

Ҷонишини ҳокими вилояти Самарқанд Рустам Қобилов, ректори Донишгоҳи байналхалқии технологии Самарқанд, профессор Юсуф Абдуллоев, шоир Нормурод Каримзода, директори театри драмавии мусиқии Самарқанд Ботур Тугалов, роҳбари бадеии театри мазкур Ҳилола Ортиқова ва дигарон ба сухан баромада, дар бораи хидматҳои шоистаи шодравон ҳарф заданд.

Сипас ҳозирон осорхонаро тамошо карданд.

– Санъат қисми таркибии маданияти маънавӣ  – гуфт Баҳром Сафозода. – Падари бузургворам устоди санъати тасвирӣ буданд. Қиблагоҳ ҷаҳонбинии васеъ, тахайюлоти хуби бадеӣ доштанд. Шояд аз ҳамин сабаб дар Тоҷикистон сазовори эътибори устодони бузурге чун Мирзо Турсунзода, Абдусалом Деҳотӣ, Сотим Улуғзода, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Шаҳидӣ ва дигарон гардида  буданд.

– Хидматҳои хоксоронаи устоди арҷманд Даврон Сафозода дар ороиши китобҳои бадеӣ низ бузург аст, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд адиб Адаш Истад. – Шахсан ман эшонро аз солҳои фаъолият дар маҷаллаи ҳаҷвии «Хорпуштак» мешинохтам. Риштаи дӯстии мо то лаҳзаҳои вопасини умри устод идома дошт.

Фарзандашон Баҳром ба кори хайру нек даст зада осорхонаи падарро ташкил кардааст. Минбаъд мусаввирони ҷавон ба ин ҷо омада, истеъдоди худро сайқал медиҳанд.

Зоҳир Ҳасанзода,

Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: