ТАҶЛИЛИ ФЕСТИВАЛИ ДӮСТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Тирмиз дар қасри санъати Тирмиз бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонон бо номи «Ӯзбекистон – Ватани ман» фестивали ҳамдӯстӣ баргузор гардид.

Имрӯз дар мамлакати мо намояндагони зиёда аз 130 миллат дӯсту бародарона истиқомат мекунанд. Маҳз дар Сурхондарё тақрибан аз чор як ҳиссаи аҳолии вилоятро вакилони миллатҳои дигар ташкил медиҳад, ки чун фарзандони як оила ҳамдилона зисту зиндагонӣ доранд. Ҳар як миллат метавонад, дар асоси арзишҳои миллии худ озодона зиндагӣ кунад ва урфу одат, анъанаҳои аҷдодии хешро пос дорад.

Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии Тирмиз дар қасри санъати Тирмиз бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонон бо номи «Ӯзбекистон – Ватани ман» фестивали ҳамдӯстӣ баргузор гардид. Ҳамоиши мазкур бо роҳбарии декани факултаи филологияи хориҷии донишгоҳ, доктори илмҳои филология, профессор Поён Бакиров ташкил шуд.

Ба чорабинӣ ректори донишгоҳ, профессор Абдуқодир Тошқулов ҳусни ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки дар як мамлакат дӯсту бародарона ва нисбати якдигар бо ҳурмату эҳтиром зиндагӣ кардани миллатҳо натиҷаи машаққат ва таҷрибаи зиёд аст ва ин далели донишмандии Президенти мамлакат мебошад. 

Дар идома донишҷӯёни факултаи филологияи хориҷии донишгоҳ бо рақсу сурудҳои зебо, ки дар он қадрияту анъанаҳои халқҳои гуногун ва дӯстиву бародарии миллатҳои ҳамтабор инъикос ёфтаанд, баромад карданд. 

Шукруллоҳ СИРОҶ,

донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Тирмиз.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: