Рӯзе муҷассамаи «Модари мотамзада»-ро зиёрат кардам. Модар бо сари хам ва ду даст болои зону буд.
Аз чеҳраи изтироболуди модар ҳувайдост, ки ҳанӯз роҳи писари бедараки худро, ки ба ҷанги зидди фашистон рафтааст, мепояд. Ду дидагони ӯ ба сӯйи оташи ҷовидон дӯхта шудаанд. Танҳо фаввораи ин оташ ба дили пураламу ғамноки модар андак гармӣ бахшида, онро таскин медиҳад.
Ин майдон ҳамеша серодам аст. Ҳамон рӯз низ одамони зиёд ба зиёрати муҷассамаи «Модари мотамзада» омада буданд. Як гурӯҳ сайёҳон вориди ин майдон шуда, чашмашон пеш аз ҳама ба муҷассамаи модар афтид. Баъд гӯшу ҳуш ба роҳбалад дӯхтанд, ки барояшон дар бораи таърихи муҷассама, симои модари ғамзада маълумот ироа менамуд. Ҳарфҳои ӯ дар замири сайёҳон ҳайратро бедор мекард ва онҳо гоҳе чашм аз даҳони роҳбалад канда, ба сӯйи модар менигаристанд. Баъзе аз онҳо дар китобчаи худ ким-чиҳоро қайд мекарданд ва дубора чашму гӯш ба роҳбалад медӯхтанд. Бо анҷоми нақли ӯ ҳама зери муҷассама сурат гирифтанд.
– Ин оташи ҷовидон ба поси хотири қариб 2 миллион нафар ҷавонмардони ӯзбекистонӣ гузошта шудааст, ки 538 ҳазор нафарашон ҳалок ва 158 ҳазор нафар бедому дарак шудаанд, – гуфт роҳбалад ба сайёҳон ва онҳоро ба тамошои ду айвони дарози бо тарзи меъмории миллӣ эъморшуда раҳнамоӣ кард, ки дар он ному насаб ва маълумоти шаҳидони ҷанг сабт шудааст.
Дарвоқеъ, ҳодисаи мудҳиштарине, ки дар асри ХХ ба вуқӯъ пайваставу бузургтарин талафоти ҷониву молӣ аз худ дар пай гузоштааст, Ҷанги дуюми ҷаҳон мебошад. Ин ҷанг дар радифи он ки миллионҳо ҷавонмардонро аз саросари ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ, аз ҷумла Ӯзбекистон ба коми нестӣ кашидааст, дар дили ҳазорҳо модарон доғи ҷудоӣ аз фарзандонро гузоштааст, садҳо ҳазор занро аз шавҳар ва фарзандонро аз падар маҳрум кардааст.
Тавре ки устод Абулқосим Лоҳутӣ навиштааст:
Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд,
Ҷанги хунину бераҳмона буд.
Дар ҳақиқат, ин байт даҳшати он ҷанги хонумонсӯзро дар худ акс намудааст.
Мувофиқи маълумоти расмӣ аз вилояти Фарғона беш аз 150 ҳазор нафар ба Ҷанги дуюми ҷаҳон сафарбар шуда, аз ин шумор 54 ҳазору 981 нафар дар майдони набард ҷони худро бохтаанд. Баъди итмоми ҷанг дастикам 15 ҳазор сокини шаҳру ноҳияҳои вилоят барои мардонагӣ ва шуҷоат дар ҷанг ба унвонҳои олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳои ҷангӣ сазовор гардидаанд.
Дар марҳилаҳои аввали ҷанг зиёда аз 1 ҳазору 280 нафар кӯдакон аз хати пеши фронт ба вилояти Фарғона интиқол дода шудаанд. Минбаъд низ ҳазорҳо нафар бачагони бепадару сағира дар хонаҳои бачагони вилоят таҳти сарпарастӣ қарор гирифтаанд. Гуфта мешавад, ки солҳои 1941-1942 ба вилояти Фарғона 10 хонаи бачагон кӯчонида шуда, то охири соли 1944 дар 36 хонаи бачагон кӯдакони бепарастор ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Мувофиқи ҳуҷҷатҳои Комитети иҷроияи вилоят, ки дар хазинаи 1124-уми бойгонии Фарғона нигоҳ дошта мешаванд, соли 1941 бо мақсади бо кадрҳои хурди тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои санитарию тиббии ҳарбӣ Артиши Сурх дар Фарғона барои 175 нафар курсҳои такмили ихтисос ташкил карда шудааст. Соли 1942 Донишкадаи тиббии рақами 4-уми шаҳри Маскав ба Фарғона кӯчонида шуда, барои таҳсили 500 нафар донишҷӯён 44 нафар профессорону кормандони варзидаи тиб он ҷо сафарбар гардидаанд. Илова бар ин, 16 беморхонаи дорои 5000 кат маҳз ба ин вилоят тахлия шудааст. Дар радифи он, 3 хонаи маъюбон бо ғунҷоиши 550 кат маъюбони ҷангро мавриди муолиҷа қарор додааст.
Инчунин, Институти шарқшиносӣ, Мактаби олии дипломатӣ ва Донишкадаи кимиё-технологии Маскав ба номи Д. И. Менделеев низ ба шаҳри Фарғона интиқол дода шудаанд. Дар шаҳри Қӯқанд Техникуми маъдани кӯҳӣ-технологии Кировро ҷойгир кардаанд, то фаъолияташро идома дода, кадрҳои баландмалакаро тарбия намояд.
Бо вуҷуди он ки ҷанг дар хати пеши фронт муттасил давом мекард, барои таъмини ҷанговарон бо таҷҳизоти техникиву низомӣ, лавозимоти ҷангӣ, хӯрокворӣ ва амсоли он мардуми ақибгоҳ шабу рӯз заҳмат мекашиданд ва барои таъмини ғалаба бар фашизм саҳм мегузоштанд.
Бино ба маълумоти омори расмӣ дар солҳои 1941-1944 Марказ барои сохтмон ва таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ дар вилояти Фарғона 195,4 миллион рубли шӯравӣ равона кардааст. Дар солҳои ҷанг дар вилоят зиёда аз 30 корхонаи калон сохтаву мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Дар солҳои 1941-1945 Фарғона бештар аз 602 ҳазор тонна ашёи хоми пурқимати саноатӣ ва 18 ҳазор тонна пилла истеҳсол кардааст.
Мувофиқи маълумоти ҳуҷ-ҷатҳои бойгонии Садорати кишоварзии вилоят соли 1941 маҳсулоти умумии вилоят 104 фоизро ташкил додааст, дар соли 1942 ин рақам боз ҳам афзоиш ёфта, ба хазинаи давлат назар ба соли 1941 190 миллион сӯм зиёд даромад ворид шудааст. Меҳнаткашони вилоят дар соли 1942 беш аз 54 ҳазор тонна пӯст ва пашм, 9 ҳазору 159 адад либосҳои гуногун, 23 ҳазору 334 ҷуфт пойафзору ҷуроб ва ба миқдори зиёд либосҳои гуногуни тайёрро ба аскарон фиристодаанд. Дар соли 1945 истеҳсоли маҳсулоти саноат дар вилоят назар ба соли 1940 2,2 баробар афзудааст ва Фарғона баъд аз Тошканд дар ҷумҳурӣ базаи дуюми саноатӣ маҳсуб шудааст. Ба ин васила вилоят ба ғалабаи бузурги халқҳои собиқ шӯравӣ дар ҷанги зидди фашизм ҳиссаи калон гузоштааст.
Мардуми Фарғона ҳамеша бо қаҳрамонони диловари худ, чун Мамадалӣ Топиволдиев, Тӯйчӣ Назаров, Тоҷиалӣ Бобоев, Аҳмадҷон Шукуров, Тӯхтасин Аҳмадов, Муҳиддин Умриддинов, Қосим Ёқубов, Абдусалим Деҳқонбоев, Амиралӣ Саидбеков, Тешабой Одилов ва дигарон ифтихор мекунанд. Онҳо дар ҷанги зидди фашизм ба унвони баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва гирифтани ордену медалҳои зиёди ҷангӣ мушарраф гардидаанд.
Ҳамдеҳаи мо Тешабой Одилов низ дар ҷанги зидди фашизм қаҳрамониҳои беназир нишон додааст. Тибқи маълумотҳои ахире, ки ба дасти фарзандбузурги ӯ – Одилҷон Тешабоев расидааст, падараш ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сазовор шудааст, аммо он ба соҳибаш – падари ӯ супурда нашудааст.
– Ин хабарро мо – фарзандон ва тамоми хешовандону ҳамдеҳагон бо хурсандӣ истиқбол намудем, – мегӯяд Одилҷон Тешабоев. – Ҳарчанд падарам мегуфтанд, ки бо фармони Сарфармондеҳи олии Иттиҳоди Шӯравӣ ба чунин унвони олӣ сазовор гаштаанд, аммо замони дар қайди ҳаёт будан барои ба даст овардани он талош ба харҷ надодаанд. «Даҳҳо адибони тоҷику ӯзбек, русу белорус ва укроину дигарон дар бораи ҷасоратҳоям шеъру достон ва қиссаҳо навиштанд. Ҳамин бароям кифоя аст, ки номи маро ҷовидонӣ хоҳанд кард», мегуфтанд бо қатъият падари фурӯтанам.
Тавре дар урфият мегӯянд, «Ҳақиқат каҷу килеб мешавад, аммо намешиканад». Маълум шуд, ки Сарфармондеҳи олӣ И. В. Сталин шуҷоату қаҳрамониҳои Тешабой Одиловро эътироф ва ӯро бо чунин унвони олӣ сарфароз гардонидааст. Албатта, он рӯз дур нест, ки ситораи тиллоӣ гӯшаи «Осорхонаи Тешабой Одилов»-ро, воқеъ дар деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх, ҷилои тоза бахшад.
Беҳуда нест, ки устод Мирзо Турсунзода дар достони «Баҳодури тоҷик» Тешабой Одиловро чунин васф намудааст:
Зад шӯъла даме, ки оташи ҷанг,
Монанди шарорае ту ҷастӣ,
Баҳри ғазабат ба ҷӯш омад,
Кардӣ ба сарат кулоҳи ҷангӣ...
– Солҳои ҷанг баъди дарс ва баъзан аз сари субҳ ба саҳро мешитофтам ва дар колхоз ҳисобчӣ шуда кор мекардам. Он солҳо ёфтани як пора нон хеле мушкил буд. Мардум шабу рӯз меҳнат мекарданд, ки аскаронамон дар майдони ҷанг гурусна намонанд ва фашистонро маҷбур созанд, ки ақибнишинӣ кунанд. Барои ҳиссаи банда дар ақибгоҳ, чанд бор ба туҳфаҳо сазовор гардидам, соҳиби нишону мукофотҳои давлатӣ шудам, – мегӯяд Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон, устоди беназир Бегалӣ Болтаев.
Ба гуфтаи ӯ ҷанги хонумонсӯз одамонро маҷбур намуд, ки ба хотири як пора нон дороии худро фурӯшанд ва шиками худу фарзандонашонро сер кунанд. Барои ҳамин номи ҷанг дар олам гум шавад, то мардуми ҳар қитъаву кишвар дар фазои орому осуда зиндагӣ кунанд.
Солҳост, ки дар мамлакати мо 9 май ҳамчун Рӯзи хотира ва қадр пешвоз гирифта мешавад. Имсол низ он таҳти шиори «Қаҳрамонӣ барои шукуфоӣ, сулҳ ва ҳифзи Ватан фаромӯш нахоҳад шуд» таҷлил мегардад. Тавре ки дар қарори Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев «Дар бораи омодагӣ ва таҷлили муносиби 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон ва Рӯзи хотира ва қадр» омадааст, «Ҷасорати олӣ ва қаҳрамонии халқи мо дар роҳи ҳифзи Ватан барои тамоми наслҳо намуна ва мактаби ибрат мебошад».
Ҳоло тибқи маълумоти ахир дар вилояти Фарғона ҳамагӣ 9 нафар иштирокдори ҶДҶ боқӣ мондаанд. Ному хотираи қаҳрамононе, ки барои ғалаба бар фашизм ҷони худро нисор кардаанд, албатта дар ёди мардум ҷовидон боқӣ хоҳад монд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.