Дар факултаи филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Тирмиз мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардиданд.
Дар онҳо кулли донишҷӯёни ин бахш барои ба даст овардани «Ҷоми декан» бинобар хелҳои гуногуни варзиш нерӯи худро месанҷанд.
Бояд таъкид кард, ки ин мусобиқа ҳар сол баргузор мегардад ва ҳоло ба анъанаи нек мубаддал гаштааст. Он дар чаҳорчӯбаи «Панҷ ташаббус», ки Президенти кишвар пешниҳод карда, дар саросари ҷумҳурӣ ҳамовозии бевосита пайдо намуд, баргузор мешавад.
Дар маросими кушоиши он сарвари факултаи филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Тирмиз Поён Бакиров гуфт, ки мурод аз баргузории ин чорабинии варзишӣ таҳкими меҳру муҳаббат дар байни ҷавонон ва кашфи истеъдодҳои нодир аст. Вай ҳамчунин аз фоидаи варзиш сухан ба миён оварда, аз ҷумла таъкид намуд, ки варзиш натанҳо барои ривоҷи нерӯи ҷисмонӣ, балки ба пешрафти маънавии одам низ мусоидат мекунад.
Иштирокдорони сабқат барои «Ҷоми декан» оид ба навъҳои маъруфи варзиш, аз ҷумла шашка ва шоҳмот қувваозмоӣ хоҳанд кард. Интизор меравад, ки аз байни онҳо беҳтарин бозигарон кашф ва муаррифӣ гарданд. Ҳамчунин баргузории бозиҳои волейбол, футбол ва дигар хелҳои варзиш дар назар аст.
Ғолибон бо туҳфаҳои хотирмон тақдир карда мешаванд, ба онҳо барои иштирок дар озмунҳои варзишии сатҳи баландтар роҳхат дода хоҳанд шуд.
Шаҳло Хоҷақулова,
омӯзгори кафедраи адабиёти ҷаҳон ва руси Донишгоҳи давлатии Тирмиз.