ТАҶЛИЛИ ШАБИ ЭҶОДИИ ШОИР ДАР МАКТАБ

26-уми апрели соли равон дар мактаби таълими умумии рақами 11-уми ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона шаби эҷодии шоири соҳибсабку хушбаён Садриддин Ҳушёрӣ доир гардид.

Дар тадбир ҷонишини ҳокими ноҳия Илҳомҷон Абдумаҷидов, мудири шӯъбаи таълими томактабӣ ва мактабии ноҳия Фозилҷон Мирзоев, роҳбарони мактаб ва кӯдакистонҳо, инчунин, кормандони рӯзномаи “Садои Сӯх” ва Ширкати садо ва симои “СӯхТВ” иштирок карданд.

Ба сухан баромадагон дар бораи рӯзгор ва осор, доираи мавӯъ ва мундариҷаи ашъори шоири хушбаён, зуллисонайн ва соҳибкитоби Сӯх Садриддин Ҳушёрӣ ҳарф заданд. Зикр гашт, ки мақсад аз ташкил ва баргузории ин тадбири фарҳангӣ саҳме дар тарбияи насли наврас дар рӯҳи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳӣ, ҳамзамон, ба ҳам овардани аҳли адабу фарҳанг мебошад.

Баромади донишомӯзони мактаб чорабиниро ҳусни тоза ато намуд. Қироати ифоданоки шеъру ғазалҳо аз эҷоди шоир мақбули аҳли нишаст шуд.

Ғайр аз ин, ҳунармандон Додоакрам Ҷӯраев, Неъматҷон Ҳомидов, Ӯткурҷон Рафеев бо сурудҳои дилнишини худ табъи иштирокдоронро болида сохтанд.

Ёдовар мекунем, ки ташкили чунин чорабиниҳо дар мактаби 11 ба ҳукми анъана даромадааст. То ҳол бо иштироки эҷодкорон Олимҷон Олимов, Ҳакимҷон Эргашов ва Ҳамробойи Илҳом низ дар мактаб чорабиниҳои  “Шеъру шоирӣ” доир гардида буд.

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, омӯзгори мактаби таълими умумии рақами 11-уми ноҳияи Сӯх

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: