Дар корхонаи дӯзандагии «Саодат Денов текстил»-и ноҳияи Деҳнави вилояти Сурхондарё дӯхтудӯзи либос, кӯрпаву болин ва тайёр кардани ҷилдҳо ба роҳ монда шудааст. Дар байни коргароне, ки дар ин ҷо меҳнат мекунанд, 11 нафарашон бонувони ногиро мебошанд.
Шахсони ҷисмонан солиме ҳастанд, ки дар ҷамъият мавқеи худро пайдо карда наметавонанд. Айни замон инсонҳое ҳастанд, ки ба қадри ҳар лаҳзаи умр мерасанд, онро инъоми олӣ мешуморанд, ҳарчанд имкониятҳои ҷисмонии онҳо маҳдуданд. Онҳо ногиро бошанд ҳам ҳамеша меҳнат мекунанд ва шукри зиндагиро ба ҷо меоранд. Ин гуна бонувонро метавон маҳз дар «Саодат Деҳнав текстил» пайдо кард.
Дар сурат: дар корхонаи «Саодат Деҳнав текстил».
Ҷ. Қӯзимуродов (ӮзА).