ВАРАҶА: АЛОМАТ, НИШОНА ВА РОҲҲОИ ТАБОБАТИ ОН

Вараҷа бо эҳсоси хунукӣ ва ларза, баландшавии ҳарорати бадан то 40 дараҷа ва аз он ҳам боло, дарди сар, табларза ва қайъкунӣ, арақ кардан намоён мешавад.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи пешгирии вараҷа ва табобати чунин беморон ҳар сол 25 апрел ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо вараҷа таҷлил мешавад.

Мо ба ин муносибат бо мудири шуъбаҳои лаборатория ва паразитологияи Садорати осоиштагии санитарию эпидемиологӣ ва саломатии ҷамоатии вилояти Намангон, номзади фанҳои тиб Зокирҷон Обидов суҳбат кардем.   

– Вараҷа бо кадом аломатҳо аён мешавад?

– Вараҷа бо эҳсоси хунукӣ ва ларза, баландшавии ҳарорати бадан то 40 дараҷа ва аз он ҳам боло, дарди сар, табларза ва қайъкунӣ, арақ кардан намоён мешавад. Баъзан диққи нафас ва нафаскашии амиқ, ларзишҳои сершумор, нишонаҳои камхунӣ ё ки хунравии ғайримуқаррарӣ низ содир мешаванд.

Вараҷа бемориест, ки ба ҳаёт таҳдид мекунад ва аз газидани магас ба вуҷуд меояд. Паразит дар ҷигар, сипас дар ҳуҷайраҳои хун афзоиш меёбад.

– Одамон барои ҳифзи худ аз ин беморӣ бояд чӣ кор кунанд?

– Якум, ҳар як инсон бояд нисбати саломатии худ боэътибор бошад, ба қоидаҳои гигиенӣ амал кунад, хонаву ҷои худро тоза нигоҳ дорад. Дар ҷойҳои ҷамоатӣ низ ҳама бояд ба тозагӣ риоя кунанд, ки бо ин паҳншавии хомӯшакҳо ва ҳашароти гуногуни зарарнокро пешгирӣ мекунанд.

Сониян, бешубҳа ҳимоя аз ҳашарот 100 фоиз ғайриимкон аст. Аммо то қадри имкон бояд ҳар як кас ба худ шароит муҳайё кунад, аз дору ва воситаҳои санитарӣ истифода барад. Мардум дар тобистон барои муҳофизаи шахсӣ бояд аз пашшахонаҳо истифода баранд, чунки пашша ва хомӯшаку ҳашароти зарарнок аксаран ҳангоми хоб ва субҳ «фаъол» мешаванд.

Назорати низоми обёрӣ пешгирии ба як ҷо ҷамъ шудани об, яъне ҳосилшавии кӯлмакҳо муҳим аст. Истифодаи либосҳои муҳофизатӣ, торҳои синтетикӣ барои дару тиреза ва пардаҳо қисми таркибии маҷмӯъи тадбирҳои профилактикӣ мебошанд, ки ба муҳофизати аҳолӣ аз ҳуҷуми магасҳо нигаронида шудаанд.

– Дар ин бобат садорат чӣ гуна корҳоро ба роҳ мондааст?

– Инак, 14 сол боз дар Ӯзбекистон касе ба ин касалӣ дучор нашудааст.

Барои он, ки ин беморӣ сар назанад, манбаъҳои эҳтимолии пайдоиши онро бояд безарар кард.

Мо дар ин бобат корҳои муфидро амалӣ карда, барои мубориза бо вараҷа аз асбобҳои тиббии замонавӣ истифода мебарем.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии вараҷа ва дигар касалиҳои хавфнок дар нуқтаҳое, ки дар ҳудуди вилоят, аз ҷумла шаҳри Намангон, ноҳияҳои Поп, Учқӯрғон ва Косонсой ташкил гардидаанд, назорати қатъӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин соли гузашта зиёда аз 2 миллиону 300 ҳазор ӯзбекистониён ва хориҷиён аз назорат гузаронида шуданд. Хурсандиовар аст, ки ягон касалии хавфнок ба қайд гирифта нашуд.  

Бобати пешгирӣ аз бемориҳои вараҷа дар ҳамкорӣ бо соҳаҳои тандурустӣ, таълим, маҳалла, идораҳои корҳои дохилӣ, шуъбаи мудофиа, хоҷагии қишлоқ ва садорати хоҷагии об бо аҳолӣ чандин маротиба суҳбатҳо гузаронида, варақа, буклет ва баннерҳои ранга пешниҳод ва тақдим шуданд.

Ҳамдиёронамон агар ба тавсияҳои мутахассисони соҳа амал кунанд, нафақат саломатии худ, балки бехатарӣ ва сиҳҳатии атрофиён ва фарзандонро низ таъмин хоҳанд кард.

– Барои суҳбат ташаккур!

– Саломат бошед!

Мусоҳиб Ш. Даминова,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Намангон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: