Мурат Курум: пас аз заминларза дар Истамбул беш аз ҳазор бино осеб дидааст

Баъди як силсила заминларза дар Истамбул беш аз ҳазор бино каме осеб диданд. Дар ин бора вазири рушди шаҳрсозӣ ва муҳити зисти Туркия Мурат Курум дар шабакаи иҷтимоии X хабар дод.

"Тибқи натиҷаҳои арзёбии хисорот, дар 39 ноҳияи Истанбул 15 013 бино тафтиш карда шуд, ки 1 025 бино каме осеб дидаанд ва беш аз 12 300 бино осеб надидааст", гуфт Курум.

Ба гуфтаи вазир, арзёбии хисорот идома дорад.

Пештар дар бораи тахриби беш аз 400 бино хабар дода шуда буд. Ба гуфтаи Курум, бештарин ахбор дар бораи талафоти шаҳрвандон аз манотиқи сераҳолӣ дар ғарби шаҳр - Бахчлиевлер, Эсенлер, Багчилар, Авчилар ва Кучюкчекмече расидаанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 23 апрел дар Истамбул заминларза ба шиддати 6,2 дараҷа рух дод. Бар асари офати табиӣ 236 нафар ҷароҳат бардоштаанд хабар медиҳад report.az.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: