Фестивали нахустини «Tandir Fest» дар вилояти Сурхандарё баргузор мегардад

Аз 2 то 4 майи соли ҷорӣ дар макони зебову нотакрори вилояти Сурхондарё — маҷмааи сайёҳии «Бойсун баҳорӣ», воқеъ дар ноҳияи Бойсун, нахустин маротиба фестивали «Tandir Fest» баргузор хоҳад шуд.

Ин фестивал бо ҳадафи тарғиби васеи арзишҳои миллии мардуми мо, анъанаҳои ғанӣ ва бостонии кулинарӣ, ҳунарҳои мардумии дастӣ ва мероси фарҳангии кишвар, инчунин ҷалби бештари сайёҳон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил гардидааст.

Барномаи фестивал фарогири баргузории синфҳои маҳорат оид ба тайёр намудани «Гӯшти тандир» бо иштироки беҳтарин ошпазон аз гӯшаҳои гуногуни кишвар, намоишгоҳҳои фарҳанги миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ярмаркаҳои ҳунармандӣ, парвоз додани тӯбҳои ҳавоӣ, баргузории намоишҳои зиндаи гурӯҳҳои мусиқӣ ва фолклорӣ, инчунин иҷрои рақсу таронаҳои миллӣ мебошад.

Дар маросими ботантанаи пӯшидашавии фестивал консерти бошукӯҳ бо ширкати ҳунармандони маъруфи кишвар баргузор хоҳад гашт.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: