Дар Эрон 28 апрел барои қурбониёни таркиши бандар рӯзи мотами эълон гардид

Дар Эрон 28 апрел ҳамчун Рӯзи мотами миллӣ барои қурбониёни таркиш дар бандари Шаҳид Раҷоӣ эълон шуд.

Тавре ки агентии Tasnim хабар медиҳад, намояндаи расмии Ҳукумати Эрон — Фотима Муҳоҷирани — изҳор дошт:

«Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон фардо — 28 апрелро Рӯзи мотами миллӣ дар саросари кишвар эълон намуд», — гуфт ӯ.

Қаблан телевизион ва радиои давлатии Эрон иттилоъ дода буд, ки Президенти кишвар Масъуд Пизишкиён ба шаҳри Бандар Аббос, ки бандар дар он ҷо ҷойгир аст, сафар кардааст, то аз вазъият баъди таркиш аз наздик шиносоӣ пайдо намояд.

Раиси Идораи ҳолатҳои фавқулодаи назди ҳокими вилояти Ҳурмузгон — Меҳрдод Ҳасанзода — эълон кард, ки сӯхтор дар қисмати шарқии бандар дубора авҷ гирифтааст, зеро дар як қатор контейнерҳо маводи битум ва кимиёвӣ мавҷуд будааст.

Ёдовар мешавем, ки 26 апрел дар бандари Шаҳид Раҷоӣ, воқеъ дар шаҳри Бандар Аббос, таркиши шадиде рух дод. Тибқи маълумоти охирин, дар натиҷаи ҳодиса 40 нафар ба ҳалокат расида, 1205 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: