Инсон аз рӯзе, ки таваллуд мешавад, то охири умр кӯшишу ғайрат ва ҳаракат мекунад. Ба дигарон дар мулоқот мешавад.
Ана дар ҳамин лаҳзаҳои ҳаёт, яъне айёми кӯдакӣ, мактабхонӣ, оиладорӣ ва кору меҳнат барои инсон дар рафтор, кирдор ва гуфтораш як қолаби муайяне лозим аст, ки ҳаминро одоб номидаанд. Одоб танҳо мансуби инсон мебошад, ки дар ҳаёт, оила, мактаб ва ҷамъият омӯзонида мешавад.
Одоби инсон бо шарму ҳаё, илму дониш, ақлу хирад, хушгуфторию хушрафторӣ, ҳалимию меҳрубонӣ, раҳму шафқат, ҳалолкорию парҳезкорӣ, покию озодагӣ, росткорӣ ва хайру эҳсонаш баҳо дода мешавад.
Шоир фармудааст:
Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.
Одоб бо илму амал, ақлу хирад, ҳалолкорию парҳезкорӣ ва муруввату одамгарӣ мукаммал шуда, инсонро ба қуллаҳои баланди ҳаёт мерасонад.
Касе, ки ин хислатҳоро дорад, ҳаёташ пурмазмун мегузарад. Аз ин рӯ, одобу ахлоқи нек ва тарбияи хуб аз оила сар мешавад. Барои ин аввало калонсолон, падару модар ва дигар аъзоёни оила бояд соҳиби одат ва хислатҳои неки инсонӣ бошанд.
Ҳақ бар Абдураҳмони Ҷомӣ, ки гуфтааст:
Ҷон дар тани марди беадаб ларзон аст,
Сад ҷон бидиҳӣ, адаб харӣ арзон аст.
Акнун саволе ба миён меояд, мо ин илму адабро аз куҷо меомузем?
Ба саволамон Абураҳмонӣ Ҷомӣ чунин ҷавоб додааст:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Аз ин рӯ соҳиби илму адаб ва тарбия намуда ба воя расонидани насли наврас вазифаи муқаддас, шараф ва ору номуси ҳар як фарди солими ҷомеа аст. Тарбия кори саҳлу осон нест. Он ҷараёнест, ки тӯли моҳҳову солҳо ва ҳатто даҳсолаҳо ба туфайли сабру бардошт, бурдбориву таҳаммул ва қатъият муяссар мегардад.
Ҳамаи ин хислатҳо ба омӯзиши мероси аҷдод, одобу ахлоқи мо, ба инкишофу такмили минбаъдаи инсони имрӯзаю оянда дар оила, боғча, мактаб ва ҷамъият ба хондани китоб, маҷаллаю рӯзнома ва аз тариқи телевизиону интернет тамошо кардани мавзӯъҳои лозимӣ ва дар амал иҷро кардани он вобастагии бемисл дорад.
Китоб хазинаи тамомнашавандаи илму дониш ва одобу ахлоқ мебошад. Китоб ин дӯсти мушфиқу беминнат, ёри ғамхору меҳрубон дар дармондагӣ, дар ғаму андӯҳ ва дар танҳоию ноумедиҳо мебошад. Чи хеле ки Ҷомӣ фармудааст:
Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате асту ҳаргиз озоре нест.
Чи хеле ки бе обу ҳаво инсон ҳаёт гузаронида наметавонад, аз ин рӯ китоб ҳам барои бомаърифату бофарҳанг ҳаётгузаронии инсон мӯъҷиза ҳисоб меёбад. Пулу мол ва дигар сарват бо мурури вақт кам ва гум мешавад. Аммо илму дониш, одобу ахлоқе, ки аз китоб мегирем, на кам мешаваду на гум ва касе онро дуздида наметавонад. Илму дониши аз китоб гирифтаамон ҳамчун нақш дар санг, дар майнаамон мемонад.
Солҳои охир китобҳои электронӣ баромадаанд, ки мо осонакак аз онҳо истифода бурда, илму дониш ва адаб меомӯзем, вақти кам сарф мекунем, аммо баъди анҷоми мутолиа гӯё дар мо ҳеҷ чизе намондагӣ барин менамояд. Агар дар болои миз ё ҷевонатон китоб бошад, инсон худашро бардаму шод ҳис мекунад ва гӯё соҳиби сарват асту такягоҳ низ дорад. Аз ин рӯ, китобхон ба се тоифа ҷудо мешавад: тоифаи якум барои вақтгузаронӣ китоб мехонад, тоифаи дуюм бошавқу ҳаваси зиёд хонда, ҳар як нуқтаю вергулашро дар хотираш нигоҳ дошта, ба дигарон як ба як гуфта медиҳанду аммо амиқтар фикр ва амал намекунад, тоифаи сеюм – баъзеашон як маротиба, баъзеашон ду-се маротиба хонда, гӯё донакро шикаста мағзашро мехӯрда бошанд, худашонро дар ҷойи қаҳрамонони мусбат монда, ба муаллиф баҳои муносиб медиҳанд ва дар амал баҳри иҷрои он ҳаракат мекунанд.
Хонандаи муҳтарам, биё, хонандаи тоифаи сеюми китоб бошем.
Алӣ Муҳаммадхони ПӮЛОДӢ,
Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон.
Вилояти Фарғона.