Ҳафтаи сипаригардида ба осоишггоҳи ва «Санггардак», ки дар як мавзеи хушбоду ҳаво ҷойгир шуда шароити хубу замонавӣ дорад, иборат аз 24 нафар сайёҳони эронӣ омада, тайи ду рӯз истироҳат намуданд.
Ба ҳамагон аён аст, ки табиати мафтункору гӯшаҳои хушманзараи Санггардак нотакрор буда, диққати ҳар як меҳмон ва сайёҳро ба худ ҷалб месозад. Тайи се-чаҳор соли охир ин гӯша боз ҳам ободу зебо гардид ва ба як ҷойи истироҳатию назаррас мубаддал гашт. Аз ин рӯ, ба ин ҷо сафар кардану таассуротҳои нек бардоштани шумораи зиёди сайёҳон қобили қабул ва боиси ифтихор аст.
Ҳафтаи сипаригардида ба осоишггоҳи ва «Санггардак», ки дар як мавзеи хушбоду ҳаво ҷойгир шуда шароити хубу замонавӣ дорад, иборат аз 24 нафар сайёҳони эронӣ омада, тайи ду рӯз истироҳат намуданд.
Яке аз сайёҳон Бежан Бостонӣ, муҳандиси бинокор аз устони Форси, минтақаи Бушери Эрони ҷануби таассуроташро иброз дошт:
– Рости гап, бори нахуст аст, ки ба ин минтақа қадам ранҷа дорам. Қалб аз ин оиди ин гӯшаи афсонавӣ маълумоти кофие надоштам. Дар доираи ду рӯзи истироҳатиамон воқиф гардидам, ки мо ба ҷое омадаем, ки чаҳор тарафро кӯҳҳои пурвиқор иҳота кардаанду рӯдхонаи софу шаффоф низ дорад. Аз ҳама муҳимаш обу ҳавои тозае дорад ин минтақаи кӯҳистони шумо, ки аллакай қиёфаи шаҳрро низ дорост. Аз шарту шароити осоишгоҳи «Санггардак» ба ваҷд омадам. Хусусан, тарҳи меъмории ин осоишгоҳ маро ба ҳайрат овард.
Ба тарзи саёҳат ба шаршараи «Санггардак» низ рафтем. Ин қадар манзараи нотакрору инъоми табиати беғубор ҳар яки моро ба ваҷд овард.
Хулоса, аҳд намудам, ки бори дигар низ ба ин гӯшаи афсонавӣ хоҳам омад ва дигар дӯстону ҳамшаҳриёнамро баҳри истироҳат ба ин минтақа даъват хоҳам намуд.
Солеҳ МУҲАММАДҶОН,
рӯзноманигор.
Вилояти Сурхондарё.