МЕХОҲАД РӮДАКИВОР ШЕЪР ГӮЯД

Вақте сухан аз Рӯдакиву ашъори ӯ меравад, беихтиёр пеши назар сарзамини шоирхези Самарқанди бостонӣ меояд, ки чандин шоирону олимони саршиносро дар домани худ модарвор парвардааст.

Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон,

Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.

Ҳеч талхӣ нест бар дил талхтар,

Аз фироқи дӯстони пурҳунар.

Ин байтҳои мондагори Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакист.

Нормурод Каримзода яке аз шоирони ба назар намоёни ин марзу бум аст. Вақте ки ӯ аз ашъори Рӯдакӣ ба хонандагон сабақ меомӯхт, пеш аз ҳама пандномаҳои шоир диққаташро ба худ мекашиданд, мехост Рӯдакивор шеър гӯяд.

Китобҳои ӯро варақ занед, ба хубӣ пай мебаред, ки шоир омӯзгор аст. Тарбияи ҷавонони донову равшанзамир мақсади асосии ӯст.

Ҳеч гаҳ дар чархи гардун хештанро гум макун,

Эҳтироми аҳли базму анҷуманро гум макун.

Халқу миллатро ба ҳоли қудрат эмин дору бас,

Дӯстони посдори ҷону танро гум макун.

Шоир одамро зебу зинати олам медонад, мехоҳад, ки ҷавонон ба мақоми волои «одамӣ» бирасанд:

Соҳиби унвони «одам», зевари олам туӣ,

Бо ғаму хурсандиҳои даҳри дун ҳамдам туӣ.

Бо баду неки ҷаҳон як умр бошӣ дар талош,

Бо яке андар ситезу бо яке маҳрам туӣ.

Шоир ба ҷавонон хитоб менамояд, ки дар роҳи мақсад кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Мақсаде бар пеш дорӣ ҷаҳд кун,

Аз барои комёбӣ аҳд кун.

Умр чун бод асту дорад бас шитоб,

Ҳар дамаш бошад бароят як китоб.

Ё дар ҷойи дигар ӯ мефармояд:

Чархи гардун нест ҷойи коҳилӣ,

То тавонӣ рӯй тоб аз ғофилӣ.

Аз ҷаҳолат, аз разолат алҳазар,

Аз фалокат, аз касофат алҳазар.

Забт бинмо бо хирад офоқро,

Ҳам фаро гир бо ҳунар афлокро.

Шоир ба аҳли илму дониш самимияти хосса дорад ва мехоҳад, ки ҷавонон аз пайи илму дониш бошанд.

Офтоби рӯйи оламро нигар,

Ҳар тарафро менамояд шуълавар.

Дониш аз аҳди қадим хуршед буд,

Аҳли дониш бар шуои он фузуд.

Нормурод Каримзода омӯзгорро «заргари санъати одамгарӣ» медонад:

Сӯзу сози зиндагӣ ҷуфти қавист,

Ҳар ду роҳи бозтоби одамист.

«Санъати омӯзгорӣ заргарист,

Заргарӣ дар санъати одамгарист».

Орифе дар ҷустуҷӯйи хештан,

Ҳамтабори роздони анҷуман.

То тавонистам бисуфтам ин калом,

Хону хон, такрор мехон, вассалом.

Қаҳрамони лирикии шоир инсони шукргузор аст:

Шукри нони меҳнатӣ беҳ аз зар аст,

Шукри оби пок кун, ки гавҳар аст.

Шукри оташ, хоки сабзи сарзамин,

Шукри фарзандони аз ҷон беҳтарин.

Шукри миллат, сулҳу ваҳдат ганҷи мост,

Шукри боғи гулбасар фарҳанги мост.

Бале, мо бояд шукри давлати тинҷу осуда кунем, ба қадри якдигар ва ҳар як лаҳзаи зиндагӣ бирасем.

Фарида АҲМАДОВА, омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 16, ноҳияи Самарқанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: