Вазорати корҳои хориҷии Таиланд расман ҷорӣ кардани тартиби нави вуруд ба кишварро эълон кард.
Тибқи хабари Вазорати корҳои хориҷӣ, аз 1 майи соли 2025, ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Таиланд ворид мешаванд, бояд 3 рӯз пеш аз дохил шудан ба кишвар тавассути платформаи махсус корти “Thailand Digital Arrival Card, TDAC”-ро гиранд.
Бинобар ин, аз шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки нияти сафар ба Таиландро доранд, хоҳиш мекунем, ки ин тасмими шоҳигариро ба инобат гиранд, гуфта мешавад дар гузориш.