ОЗАРБОЙҶОН СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД

  • ОЗАРБОЙҶОН СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД
  • ОЗАРБОЙҶОН СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД
  • ОЗАРБОЙҶОН СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД
  • ОЗАРБОЙҶОН СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД
  • ОЗАРБОЙҶОН СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА ГАРДИД

26-28 апрел дар шаҳри Хива таҳти сарпарастии ЮНЕСКО ва aysesko чаҳорумин Ҷашнвораи байналмилалии санъати достонсароён баргузор гардид.

Дар он беш аз 40 кишвари ҷаҳон наздики 200 нафар навозандагон ва устодони ҳамосаҳои шифоҳӣ ширкат намуданд.

Дар маросими ифтитоҳи он паёми табрикии Президент Шавкат Мирзиёев ба иштирокчиёни ҷашнвора қироат гардид. Гуфта мешавад, ҳадафи аслии баргузории ин ҳамоиши санъати достонсароӣ ҳифз ва табодули мероси фарҳангии ғайримоддӣ, яъне арзишҳои зиндаи фарҳангӣ, аз қабили забон, мусиқӣ, эпос, фолклор, анъана ва ҳунари мардумӣ мебошад.

Як рӯз қабл аз маросими кушоиши ҷашнвора дар доираи он конфронси илмии «Санъати достонсароӣ дар Ӯзбекистони Нав: тадқиқот ва дурнамои муосир» ва дарсҳои маҳорат ба вуқӯъ пайваст. Тавре ки доктори улуми филология, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдушукуров зимни суҳбати ихтисосӣ мегӯяд, таваҷҷуҳ ба ёдгориҳои маънавии мардуми гуногунмиллати олам аз болоравии муносибат ба осори ғайримоддӣ далолат медиҳад.

– Хушбахтона, чунин муносибат марҳалаи нави илмии эпикӣ ва ҷанбаҳои калони сарватҳои маънавиро боз ҳам равшану амиқ таҷассум менамояд. Бубинед, ки достонсароӣ дар байни мардуми зиёди олам вуҷуд дорад. Дар саҳнаи ин ҷашнвораи бонуфуз мо шоҳиди он гардидем, ки дар Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ, Фаронса, Бразилия, Булғористону Чин ва амсоли он мардум ба тарзи хоси худ машғули достонсароӣ ҳастанд. Бешубҳа, ҳар як достон, ки ба маърази тамошо гузошта шуд, ифодагари орзуву ормон ва ҷаҳонбинии ҳамон мардум хоҳад буд, – илова намуд Абдувалӣ Абдурашидов.

Ба ин тартиб, дар зери осмони кушоди Хива, дар дохили Ичанқалъаи қадим, ки атрофаш бо деворҳои баланд иҳота шудааст, 21 нафар намояндагони халқҳои гуногун ба саҳна баромаданд ва ҳунару санъати худро намоиш доданд. Танини оҳангҳо ва таронаҳо, ки порае аз ин ё он достонро ташкил менамуд, ба чаҳор тараф паҳн мешуд ва то ба умқи қалбҳо рафта мерасид.

Достонсароён бештар аз гулӯ мехонданд ва бо чунин тарзи хониши худ таваҷҷуҳро ба сӯи худ ҷалб менамуданд. Дуруст аст, ки на ҳамаи таронаҳоро фаҳмидану дарк намудан мумкин буд, вале ин ҷо таносуби оҳангу садо ва равонии гуфтори достонсаро аз тарафи ҳайати доварон арзёбӣ гардид.

Ногуфта намонад, ки ин ҷашнвораро таҳти раёсати мушовири директори генералии Ташкилоти мероси Маҷористон Гергели Агос арзёбӣ карданд.

– Моро лозим омад, ки ба баромади ҳар як вакили кишварҳои иштирокчии ҷашнвора сахт мутаваҷҷеҳ бошем, то ки дар интихоби ғолибони он ғалат содир нашавад ва онҳое соҳиби ҷоиза гарданд, ки маҳорати хуб нишон дода мавриди истиқболи гарм низ қарор гирифтанд. Албатта, забони ҳар як достонсаро алоҳида буд ва ин барои мо андак мушкилот эҷод намуд, – гуфт Гергели Агос.

Дар байни тамошобинони зиёд бархеро сайёҳоне ташкил мекарданд, ки ба боздид аз шаҳри Хива омадаанд. Онҳо аз он ибрози хушҳолӣ мекарданд, ки вақти сафарашон ба рӯзҳои ҷашнвораи мазкур рост омадааст ва ҳатто тавонистанд ба аҳли санъати достонсароӣ, ки аз фиристодагони кишварашон мебошанд, мухлисӣ кунанд.

 – Ҳаргиз гумон намекардем, ки баромади санъаткор – достонсарои Ватанамонро дар ин ҷо мебинем ва ӯро бо кафкӯбӣ дастгирӣ мекунем. Вақте ки бо барномаи ин ҷашнвора ошно шудем, шомгоҳон ҳамроҳи ҳамсафарон ба тамошогоҳ шитофтем, – мегӯяд яке аз сайёҳоне, ки аз Муғулистон омадааст ва худро Тянкуру муаррифӣ намуд.

Мусобиқаи достонсароёнро Ҷовлӣ Тангиров аз Сурхондарё ҳусни оғоз бахшид. Дар идома гурӯҳи мусиқии «Оранг»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯи саҳна баромад ва оҳангҳои эронӣ ба чаҳор тараф танин андохт. Абдураҳмон Ҳасанов аз достонсароёни Тоҷикистони ҳамҷавор намояндагӣ кард ва пора аз достони «Алпомиш»-ро бо иштиёқи том суруд. Баъд яке аз пайи дигар достонсароён баромад карда, бо хониши худ як пораи осори ҷовидонаи фарҳанги миллиашонро манзури ҳайати доварон ва тамошобинон намуданд.

Шоми 28 апрел маросими тантанавии ҷоизасупории Ҷашнвораи IV байналмилалии санъати достонсароии Хива баргузор гардид. Тибқи натиҷагирӣ ҷойи якум насиби Муяссар Ҷумотова (Ӯзбекистон) ва гурӯҳи достонсароёни Туркманистон гардид ва ҳар кадом 5 ҳазор долларӣ мукофоти пулӣ гирифтанд. Ҷойи дуюмро Усмонҷон Абдуллоев (Ӯзбекистон) ва Кенсулу Турикпен (Қазоқистон) бо ахзи 3,5 ҳазор долларӣ ва ҷойи 3-юмро Ихагвасурэн Лхамрагча (Муғулистон), Аксия Степанова (Русия) ва Зиёдулло Аҳмедов (Ӯзбекистон) бо ахзи 2,5 ҳазор долларӣ ишғол карданд.

Ҷоизаи Гран-при насиби гурӯҳи маъруфи озарбойҷонии «Ошиқлар» гардид ва 7 ҳазор доллари амрикоӣ ба даст овард.

Ба як гурӯҳ иштирокчиёни фаъоли ҷашнвора мукофотҳои рағбатноккунӣ супурда шуд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири «Овози тоҷик».

Тошканд – Хива –Тошканд.

Суратгир: Б. САИДОВ (ӮзА).

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: