Ба Сарвари давлат оид ба чораҳои дастгирии оилаҳои камбизоат, таъмини шуғли ашхоси маълул, тавсеаи фарогирӣ ва намудҳои хидматҳои иҷтимоӣ маълумот дода шуд.
Дар мамлакати мо инсонҳои низёманд мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор ёфта, аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ дастгирӣ карда мешаванд. Ба чунин оилаҳо дар асоси барномаи “Аз кабизоатӣ ба сӯи накуаҳволӣ” дар соҳаҳое чун меҳнат, таълим ва тандурустӣ кумак расонида мешавад.
Ҳамзамон, ин раванди густурда ва муттасил буда, такомули доимиро тақозо мекунад. Аз ҷумла, пешниҳод мегардад, ки оилаҳои камбизоат вобаста ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар се тоифа дастгирӣ карда шаванд.
Ба оилаҳои камбизоат зиёда аз 100 намуди хидматҳои иҷтимоӣ, кӯмаку имтиёзҳо расонида мешавад. Тартиби дохил намудан ба «Феҳристи оилаҳои камбизоат» дар сатҳи санади қонунгузорӣ муайян мегардад. Барои аз камбизоатӣ рањо кардани онҳо нақшаҳои инфиродӣ тасдиқ гардида, хидмат ва кумакҳои мақсаднок расонида мешавад. Омилҳое, ки таъмини шуғли чунин инсонҳоро маҳдуд месозанд, бартараф гардида, ба онҳо барои ба даст овардани даромади муайян шароит фароҳам карда мешавад.
Фарзандони оилаҳои камбизоат аз пардохт барои гурӯҳҳое, ки тӯли рӯз дар мактаб дарс мегузаранд, озод карда мешаванд ва хонандагоне, ки бо баҳои аъло мехонанд, дар истироҳатгоҳҳо ройгон истироҳат хоҳанд кард. Ба хонанда-духтарони аълохон, ки аз оилаҳои камбизоат ҳастанд, ба андозаи 2 баробари стипендияи асосӣ стипендияи махсус дода мешавад.
Дар муаррифӣ дар бораи чораҳои таъмини шуғли маъюбон низ маълумот дода шуд.
Мувофиқи он, ба корхонаҳои саноати сабук, ки маъюбонро бо кор таъмин мекунанд, фароҳам овардани афзалиятҳое чун тақдими имтиёзҳои андоз, кам кардани меъёри андози иҷтимоӣ барои чунин кормандон ва ба соҳибкорон аз ҳисоби Хазинаи давлатии ҳифзи иҷтимоӣ то 500 миллион сӯм ҷудо кардани субсидия пешбинӣ шудааст.
Инчунин, ба шахсони маълул миқдори хариди мол ва хидматҳои дахлдор тавассути майдончаи савдои электронӣ зиёд карда мешавад. Дар техникумҳо барои ба онҳо омӯхтани касбу ҳунар гурӯҳҳои таълими инклюзивӣ ташкил мегардад.
Бо мақсади тавсеаи фарогирӣ ва намудҳои хидматҳои иҷтимоӣ ба ашхосе, ки ба парвариши дигарон ниёз доранд, барномаи “Қадам ба ҳаёти фаъол” роҳандозӣ мешавад.
Барои чунин инсонҳо хидматҳои тиббиву иҷтимоӣ монанди, нигоҳубини рӯзона ё ки парвариш дар хона, ёрӣ ба корҳои рӯзгор, барқарорсозии фаъолияти ҳаракати аз даст рафта, пешгирии бемориҳо ба роҳ монда мешавад.
Сарвари давлат пешниҳодҳоро маъқул дониста, ҷиҳати татбиқи мунтазам ва таъмини назорати иҷрои онҳо супоришҳо дод.