29 апрел Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев роҳбари Федератсияи ҷаҳонии шиноварӣ, директори генералии Шӯрои олимпии Осиё Ҳусайн ал-Мусаллам ва нахустин ноиби президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои олимпии миллӣ Шайх Ҷавъан бин Ҳамад Ол Сониро қабул кард.
Масъалаҳои муҳими тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи варзиш, дастгирии ҳаракати олимпӣ, фароҳам овардани шароит барои рушди варзиши касбӣ ва оммавӣ дар мамлакатамон баррасӣ шуданд.
Дар оғози мулоқот Шайх Ҷавъан бин Ҳамад Ол Сонӣ ба роҳбари Ӯзбекистон салом ва орзуҳои накӯтарини Амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Ол Сониро расонд.
Ба сатҳи баланд расидани ҳамкориҳои амалӣ бо ин созмонҳои байналмилалии варзишӣ бо мамнуният таъкид гардид.
Ба таҳкими шарикӣ бо Федератсияи ҷаҳонии шиноварӣ, татбиқи барномаҳо оид ба омодасозии мутахассисон, инчунин ба вуҷуд овардани инфрасохтори замонавӣ ва оммавӣ барои намудҳои варзиши обӣ дар Ӯзбекистон диққати махсус дода шуд.
Масъалаҳои баргузории мусобиқоти бузурги байналмилалӣ, ҷамъомади Ассамблеяи Шӯрои олимпии Осиё ва чорабиниҳои асосии Ассотсиатсияи кумитаҳои олимпӣ дар мамлакатамон баррасӣ шуданд.