ДАР ТОШКАНД ҶАМЪОМАДИ ШӮРОИ ИҚТИСОДИИ ИДМ БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар шаҳри Тошканд ҷамъомади 105-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар оғози ҷамъомад узви Шӯрои иқтисодии ИДМ, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон – вазири иқтисодиёт ва молия Ҷамшед Қӯчқоров ҳарф зад.

Ҷамъомад  таҳти раёсати  муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода баргузор гардид.

Ҷамъомади Шурои иқтисодиро дар шакли маҳдуд Котиби генералии кумитаи иҷроияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедов оғоз намуд.

Дар ҷаласа 20 масъалаи муҳими марбут ба ҳамкории иқтисодӣ байни  кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла ҷараёни татбиқи Консепсияи рушди саноати сабук байни давлатҳои Иттиҳод  баррасӣ гардид.

Дар анҷоми ҷамъомад Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳуҷҷатҳои муҳим ба имзо расиданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: