МУОВИНОНИ САРВАЗИРОНИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ТОҶИКИСТОН МУЛОҚОТ КАРДАНД

Дирӯз муовини Сарвазир Ҷамшед Хоҷаев бо муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода мулоқот кард.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои сарони давлатҳо, протоколу харитаи роҳ, рушди ҳамкории дуҷониба, ҷалби сармоя ва таҳкими кооператсияи саноатӣ баррасӣ гардид.

Бояд гуфт, ки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири ин мамлакат Ҳоким Холиқзода дар шаҳри Тошканд дар ҷаласаи 105-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Форуми якуми минтақаҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Намоишгоҳи байналмилалии саноатии «Инопром Осиёи Марказӣ-2025» иштирок намуд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: