ДАР ОЛЧИН МАРКАЗИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ КУШОДА ШУД

Дар маҳаллаи Олчин маркази нав сохта шуд, ки дар ин ҷо беш аз 30 намуди маҳсулоти тоза ва табиии асал, инчунин, ҷиҳоз ва ускунаҳои барои парвариши занбӯри асал заруриро дидан мумкин аст.

Бо ташаббуси роҳбари ҶММ «Асали замини Бағдод»-и ноҳияи Бағдоди вилояти Фарғона, соҳибкор Абдувоҳид Убайдуллоев дар маҳаллаи Олчин дар давоми як моҳ маркази нав сохта ба истифода супурда шуд, ки дар ин ҷо беш аз 30 намуди маҳсулоти тоза ва табиии асал, инчунин, ҷиҳоз ва ускунаҳои барои парвариши занбӯри асал заруриро дидан мумкин. Ба лоиҳаи мазкур беш аз 250 миллион сӯм маблағ сарф гардид. Акнун аҳолии маҳаллаҳои Олчин ва Чекхитой, ки асосан аз асалпарварӣ даромад мегиранд ва бағдодиҳое, ки ба парвариши занбӯри асал шавқманд ҳастанд, метавонанд аз ин марказ маслиҳати муфид ва кӯмаки амалӣ гиранд. Назар ба маълумотҳо, баъзе оилаҳои ноҳия танҳо аз паси маҳсулоти асал то сад миллион сӯм, аз ҳисоби фурӯхтани оилаи занбӯри асал бошад, беш аз 25 миллион сӯм даромад ба даст меоранд.

Албатта, баҳри таъмини аҳолӣ, ба истеъмол кунандагон расондани маҳсулоти босифат ва арзон ҳиссаи чунин марказҳо калон аст. А. Убайдуллоев дар баробари васеъ намудани фаъолияти тиҷорати худ, ба занбӯриасалпарварони навкор низ кӯмак мерасонад.

Суратгир: М. Қодиров. ӮзА.         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: