Дар пурсишнома, ки аз 22 апрел (соати 14:00) то 30 апрел (соати 12:00) идома ёфт, 4139 нафар шаҳрвандон овоз доданд.
Дар саҳифаи расмии рӯзномаи “Овози тоҷик” дар телеграм бо мақсади муайян кардани ГУРӮҲҲОИ ТАЪЛИМИ ИБТИДОИИ ФАЪОЛУ ПЕШҚАДАМ дар байни гурӯҳҳои тоҷикии таълими ибтидоии Донишкадаи соҳибкорӣ ва омӯзгории Деҳнав, Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон-Финландия, Донишкадаи давлатии омӯзгории Тирмиз ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ пурсишнома гузаронида шуд.
Дар пурсишнома, ки аз 22 апрел (соати 14:00) то 30 апрел (соати 12:00) идома ёфт, 4139 нафар шаҳрвандон овоз доданд.
Бино ба натиҷаҳои ҷамъбастӣ гурӯҳи тоҷикии таълими ибтидоии Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон-Финландия 3273 овоз ҷамъ оварда, бо фарқи калон аз дигар муассисаҳои таълими олӣ ҷойи якумро соҳиб шуданд.
Гурӯҳҳои тоҷикии таълими ибтидоии Донишкадаи соҳибкорӣ ва омӯзгории Деҳнав (409), Донишгоҳи давлатии омӯзгории Чирчиқ (324) ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Тирмиз (133) мутаносибан зинаҳои дувум, сеюм ва чорумро соҳиб шуданд.
Ба ҳамаи устодон, донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ ва онҳое, ки дар раванди овоздиҳӣ фаъол иштирок карданд, ТАШАККУР мегӯем.
Ёдовар мекунем, ки дар бораи гурӯҳи тоҷикии таълими ибтидоии Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон-Финландия, ки дар пурсишнома хеле фаъол иштирок карданд ва беш аз ҳама овоз ҷамъ карданд, роҷеъ ба дастоварду комёбиҳои омӯзгорон ва шогирдони он матолиби пурмуҳтаво, навору барномаҳо омода гардида, мақола дар "ОВОЗИ ТОҶИК" чоп ва наворҳо дар шабакаҳои рӯзнома гузошта мешаванд.
Бо эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи "Овози тоҷик".