СӮХИ БОСТОНӢ ДАР ОСТОНАИ РЕНЕССАНСИ СЕЮМ

Ташкил гардидани анҷумани илмиву амалӣ таҳти унвони «Сӯх дар остонаи ренессанси сеюм» бо ибтикори ҳокимияти вилояти Фарғона ва филиали Академияи фанҳои Тӯрон дар ноҳияи Сӯх аз ҳодисаҳои хеле ҷолибе ба шумор меравад, ки дар партави мулоқоти роҳбарони се давлати ҳамҷавор дар шаҳри Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст.

Он дар толори барҳавои Кохи фарҳанги ноҳия бо иштироки олимони адабиётшиносу таърихшиноси Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон сурат гирифт.

Дар чорабинӣ ҷонишини ҳокими вилоят Хуршедҷон Аҳмадов зикр намуд, ки Сӯх дурдонаи водии заррини Фарғона ба шумор меравад.

– Ҳадафи мо рушди соҳаи сайёҳӣ дар ин гӯшаи дурдасти Ватани азиз мебошад. Иштироки олимони варзидаи се кишвар ба чорабинӣ шукӯҳи тоза мебахшад. Сӯх яке аз ноҳияҳои куҳантарин дар ҳудуди Ӯзбекистон буда, тибқи маълумотҳои таърихӣ аввалин манзили одамони ибтидоӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Гарчанд роҷеъ ба таърихи Сӯх якчанд китобу рисола рӯйи чопро дидаанд, ҳамон ӯқдаи таърихи ин гӯшаи хурди замини бекарон кушода нашудааст, – изҳор намуд Хуршедҷон Аҳмадов. – Дар ноҳия мавзеъҳои таърихии бешумор мавҷуданд. Табиати Сӯх бошад, дар чаҳор фасли сол ҳам назаррабо буда, диққати сайёҳонро ба худ ҷалб месозад. 

Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Матлубаи Мирзоюнус иброз дошт, ки вохӯрии сарони кишварҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд ва ба имзо расидани аҳдномаҳои ҳамкории кишварҳоро намояндагони соҳаи илму маърифат низ бо хушнудӣ истиқбол намуданд.

– Он барои таҳкими риштаҳои дӯстии се халқи бародар – тоҷикон, ӯзбекон ва қирғизҳо мусоидат хоҳад кард, то ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ дар соҳаи илму маърифат кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд, – афзуд ӯ.

Зикр гашт, ки ба қалбу шуури ҷавонон ҷойгир кардан ва фаҳмондани муносибатҳои неку дӯстона бояд аз боғчаву мактабҳои ҳар се кишвар оғоз гардад. Он гоҳ фарзандон дарк хоҳанд кард, ки халқҳои тоҷик, ӯзбек ва қирғиз аз қадим бо ҳам дӯсту бародаранд ва онҳо давомдиҳандагони ин анъанаи нек мебошанд.

Дарвоқеъ, олимон ба ҳалли мушкилот ва имкониятҳои сайёҳии ноҳия низ диққат карданд. Бино ба шарҳу тавзеҳи онҳо дар ин ҷо зиёратгоҳ ва қадамҷойҳои муқаддас бисёранд. Туризми экологӣ низ як навъи соҳаи сайёҳӣ буда, Сӯх барои рушди он имкониятҳо дорад.

Ба гуфтаи иштирокдорони чорабинӣ ҳоло ба мақсади амиқтар омӯхтани таърихи ин воҳаи бостонӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ корҳои назаррас анҷом меёбанд.

Дар ҷараёни конфронс эълом шуд, ки маҷмӯаи мақолаҳои илмии олимони кишварҳои бародар дар бораи таърих ва иқтидори сайёҳии ноҳияи Сӯх аз ҷониби Академияи фанҳои Тӯрон таҳти унвони «Сӯх дар остонаи ренессанси сеюм» нашр хоҳад шуд.

Ҷаҳонгир СОБИРОВ,

ноҳияи Сӯх.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: