Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 82-юми ноҳияи Сариосиё чорабинии тарбиявию фарҳангӣ таҳти унвони «Панҷ ташаббус – панҷ имконият» баргузор гардид.
Ин чорабинӣ дар чаҳорчӯби панҷ ташаббуси муҳими Президент роҳандозӣ шуда, ба бедор кардани шавқу завқи наврасон ба самтҳои муҳими ҳаёт – аз ҷумла, фарҳанг, китобу адабиёт, варзиш, ҳунарҳои мардумӣ ва технология бахшида шудааст. Мақсади асосӣ – фароҳам овардани шароит барои ифодаи истеъдоди табиии ҳар хонанда ва ҷалби онҳо ба зиндагии фаъолона ва созанда мебошад. Гуфтан ҷоиз аст, ки роҳбари мактаб Саодат Сангинова, на танҳо як мудири кордон, балки як бонуи фидокору бомаърифати соҳаи маориф аст, ки бо тамоми ҳастӣ барои беҳтарсозии муҳити таълим ва тарбияи насли нав талош мекунад. Ташкили чорабинии «Панҷ ташаббус – панҷ имконият» маҳз натиҷаи заҳмату андешарониҳои мудирест, ки ҳар рӯз ба хотири рушди маънавию зеҳнии шогирдонаш мекӯшад.
Чорабинӣ бо ҳузури муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳия Зайнулло Пардаев баргузор гардид. Дар ин рӯз, ҳар як гӯшаи муассиса ба саҳнае мубаддал шуд, ки дар он тамоми ҷавонон истеъдоди худро рӯйи саҳна гузоштанд. Хонандагони мактаб дар бахшҳои гуногун – адабиёт, мусиқӣ, ҳунарҳои мардумӣ, расм ва иҷрои рақсҳои халқӣ, сурудҳои ватандӯстона, шеърхонӣ, саҳначаҳои тарбиявӣ маҳорати худро намоиш доданд. Дар доираи ин панҷ ташаббус хонандагони мактаб соҳиби якчанд ҷоиза шуданд. Аз ҷумла, Довуд Саидалиев ва Алишер Саидалиев чемпиони Осиё оид ба шоппен-каратэ ва аз фанҳои гуногун Муҳаммад Бобоюсуфов, Мадина Сафарбоева, Сайфура Шарифова, Озода Сафарбоева ва Фаришта Қурбонназарова фахри мактаб гардидаанд.
Чорабинӣ на танҳо як намоиш, балки таҷассумгари имконияти эҷодии насли ҷавон буд. Шояд як хонанда дар гӯшаи китобу шеър бо ашъори навқаламонаи худ оянда як шоири маъруф шавад. Дигаре дар сехи ҳунаромӯзӣ бо нақшу ороиши дастии худ ҳунарманди маъруферо дар худ мепарварад. Таъкид шуд, ки чунин чорабиниҳо бояд идома ёбанд ва дар тамоми муассисаҳои таълимӣ ба анъана табдил ёбанд.
«Панҷ ташаббус – панҷ имконият» – ин натанҳо як иқдомест, балки роҳест ба сӯи бедории маънавӣ, эҳёи худшиносии миллӣ ва рушди қобилияти эҷодии ҷавонон. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 82 бо роҳбарии бонуи фидокор Саодат Сангинова бори дигар собит кард, ки тарбия, муҳаббат ва эътимод метавонанд заминасози ояндаи дурахшони ҳар як фарзанди тоҷик бошанд.
Сабрина НОРХӮҶАЕВА,
донишҷӯйи бахши филологияи тоҷики факултаи забонҳои шарқи ДД Тирмиз.