ОФАРАНДАИ ОБРАЗҲОИ ХОТИРНИШИН

Санъати театр яке аз он ҳунарҳои асилест, ки дар ташаккули маънавияти мардум нақши намоёне дорад. Зеро, маҳз дар саҳнаи театр фалсафаи рӯзгори инсон ба таври рӯҳбахшу зинда, бо воситаи образҳои бадеӣ таҷассум меёбад. Театр воситаи асосии тарбияи эстетикии шахсият аст, ки дар он афкори эстетикӣ ва тафаккуру ҷаҳонбинӣ муҷассам аст.

Театри тоҷик низ аз ҷумлаи санъатҳоест, ки роҳи ноҳамвори ҷараёни эҷодиро тай намуда, имрӯз соҳиби дастовардҳои назарраси эҷодӣ гардидааст. Таърих гувоҳ аст, ки дар ривоҷи санъати театри тоҷик саҳми фарзандони ҳунарманди Самарқанди бостонӣ арзанда аст.

Ба ташаббус ва ҳидояти аввалин таҳиягари театри тоҷик Ҳомид Маҳмудов аз дастаҳои беҳтарини ҳунарии шаҳрҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Самарқанд, ҷавонони соҳибистеъдоде дар Тоҷикистон муттаҳид гардиданд ва бо ҳунару истеъдоди худ дар рушди театри тоҷик саҳми босазо гузоштанд. Аз байни онҳо фаъолияти ҳунарии Муҳаммадҷон Халилов, Аъзам Камолов, Аҳад Сулаймонов, Наим Ғиёсов, Лутфӣ Кабирова, Ҳоҷӣ Аҳмадов, Офтобхон Исомова, Бурҳон Тӯраев, Мирбобо ва Оқил Зиёевҳо саҳифаи дурахшоне дар театри тоҷик мебошанд.

Сарчашмаҳои анъанавии санъати мардуми тоҷик, ки дар Самарқанду Бухоро хеле устувор ва қавӣ буд, бо дурахши миллӣ, ҷаззобияти хосае дар ҳунари ин эҷодкорон зоҳир мегардид. Минбаъд, анъанаҳои эҷодии ин ҳунармандон дар офаринишини насли нави актёрон – Шамсӣ Қиёмов, Бурҳон Раҷабов ва Намоз Ойматов идомаи худро ёфтанд.

Шодравон Намоз Ойматов офарандаи нақшҳои ҷолиб дар саҳнаи театри тоҷик, яке аз он эҷодкоронест, ки маҳорати ҳунарии ба худ хос дошт ва як силсила нақшҳои нотакрорро дар саҳнаи театр офарид. Ин нақшҳо гувоҳи маҳорати баланди санъаткор мебошанд, ки бо камоли заҳматписандӣ ва тафсири тоза қобили таваҷҷӯҳ мебошанд.

Ӯ Донишкадаи санъати театрии Тошкандро бомуваффақият хатм намуда, фаъолияти эҷодии худро дар саҳнаи Театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ оғоз намудааст ва то охирин лаҳзаҳои зиндагӣ дар ин боргоҳи ҳунар теъдоди зиёди нақшҳои барҷастаро иҷро намудааст.

Аввалин офаридаҳои ӯ образҳои Силвио аз «Хидматгори ду хоҷа»-и Голдони, Азим аз «Ҳуррият»-и Ғанӣ Абдулло, Қудратбой аз «Дохунда»-и устод Садриддин Айнӣ мебошанд. Ҳанӯз аз иҷрои ҳамин нақшҳо аён буд, ки дар театри тоҷик ҳунарманде бо сабку услуби хоса арзи ҳастӣ мекунад.

Равияи романтикӣ, ки дар офариниши нақшҳои номбурда ба назар мерасид, минбаъд бо тобишҳои амиқи психологӣ сайқал ёфтаанд. Ба ин маънӣ, образи Наврӯз аз драмаи «Беватан»-и Султон Сафаров зуҳуроти тозае дар театри тоҷик мебошад. Зеро дар асари мазкур актёр симои образи хешро тавре равшан намудааст, ки ҷаҳолати қаҳрамонаш қабл аз ҳама нишонаи падидаи ҷамъият мебошад, он хислати модарзодии Наврӯз нест. Аз ин рӯ, дар нигориши ҳунарпеша образи Наврӯз ҷанбаи пурқуввати иҷтимоӣ касб намудааст.

Нақши Аланхон низ аз драмаи «Фарёди ишқ»-и Ғанӣ Абдулло яке аз бозёфтҳои эҷодии Намоз Ойматов мебошад. Санъаткор дар ин образ симои шахси содадилу зудбовареро меофарад, ки бехабар аз дасисаҳои Малик Кофур бозичаи дасти ӯ шудааст. Маҳз бо иғвои Малик Кофур Аланхон – Намоз Ойматов ба ғазаби Султон Алоуддин гирифтор мешавад. Яъне эҳсоси ҷоҳталабӣ аз аввал хоси қаҳрамони Намоз Ойматов набуд, балки маҳз бо ҳидояти Малик Кофур пайдо шуд, ки он оқибат боиси ҳалокати вай гардид. Аз ин ҷиҳат образи Аланхон тобиши қавии фоҷиавӣ пайдо кардааст.

Дар байни силсилаи образҳои офаридаи Намоз Ойматов симои Қозикалон аз драмаи «Алломаи Адҳам ва дигарон» (асари Сотим Улуғзода, таҳияи Маҳмуд Воҳидов) мавқеи муҳим дорад. Қозикалони Намоз Ойматов шахси маҳдудест, ки ҷоҳилии ӯ бо эҳсоси тарсу ҳарос омезиш ёфтааст. Мақсади ӯ аз байн бурдани шогирди Аллома – Абдусалом ва бо ин баҳона тире бар дили Аллома равона сохтан аст. Саҳнае, ки издиҳоми пурмағал ва бенизоми пайравони Қозикалон ҳалқавор Абдусаломро печонида гирифта, ба сураташ санг афкандонӣ ҳастанд, воҳимаи Қозикалони Намоз Ойматовро дучанд месозанд. Дар ин саҳна муборизаи адлу ҷаҳл тавассути образҳои Алломаи Адҳам (онро актёри маъруф Ато Муҳаммадҷонов офаридааст) ва Қозикалон хеле муассир анҷом ёфтааст.

Боз як саҳнаи бесухани дигар дар ин намоишнома хеле хотирнишин аст ва ҳеч аз хотир фаромӯш намешавад. (Хушбахтона, ба ман муяссар гардидааст, ки борҳо ин намоишномаи олиҷанобро тамошо карда, шоҳиди нақшофарии ҳунармандонаи устодони саҳна гардам). Қозикалон – Намоз Ойматов яккаву танҳо дар хонаи худ саллаашро оромона ба як сӯ гузошта, аз таги кӯрпа мояи хушбахтии худ – тангаҳояшро бароварда бо ҳарисии том онҳоро мешуморад. Ҳаракатҳои бесаранҷомонаи Қозикалонро дида, тамошобин гумон месозад, ки аз шунида шудани садои пое ҳамин замон дили вай бегумон хоҳад кафид. Актёр образи шахсеро офаридааст, ки сарваташро аз даст додан барояш баробари марг аст.

Маҳорати образофарии ҳунарвар дар образҳое, ки аз драматургияи миллии тоҷик офаридааст, низ назаррас аст. Масалан, ба образи Зарифи юзбошӣ аз мазҳакаи Фазлиддин Муҳаммадиев «Вопасин арӯси амиралмӯъминин» таваҷҷӯҳ месозем. Зоҳиран Зариф шахсест, ки аз ӯ ба қавле «пашшае озор намеёбад». Аммо ин хислат танҳо ниқобест, ки дар зери он симои шахси худбину худхоҳ ва золиме ниҳон аст. Муносибати ӯ бо писарчаи ятими ҳамсоя дараҷаи олии беинсофист ва он бори дигар симои аслии Зарифро равшан месозад.

Тамошобинони сершумор зарофати нотакрори актёр ва самимияти ӯро дар образҳои Эгламур аз «Ду веронӣ»-и Шекспир, Амос Фёдорович аз «Муфаттиш»-и В.Гогол Алёша аз «Худораҳматӣ»-и В.Нушич, Усмонака аз «Захми забон»-и М.Бахтӣ, Атобек аз «Корвони бахт»-и М.Миршакар ва даҳҳо образҳои аҷоиб ҳамеша дар хотир доранд.

Ба андешаи мо сабаби комёбии эҷодии актёр қабл аз ҳама дар он аст, ки ӯ пайваста ҷустуҷӯ мекард, мутолиа менамуд ва ҳамеша дар назди тамошобин масъулияти бузургеро эҳсос мекард. Ҳангоме ки мо дафтари андешаҳои ӯро варақ мезанем, шоҳиди он мегардем, ки хунарманд шефтаи назми воло – офаридаҳои нотакрори Хайёму Ҳофиз, Румӣ, Соибу Бедил, Ҳилолӣ, Адиб Собири Тирмизӣ ва дигар шоирони маъруф будааст. Ҳамчунин панду ҳикмат, андарзҳои фалсафӣ дар дафтарҳои ӯ бо камоли меҳру муҳаббат гирд оварда шудаанд.

То ҳол ҳунармандони шинохта – дӯстони азиз Намоз Ойматовро чун инсони хоксору меҳрбон, масъулиятшиносу олиҳиммат бо эҳтиром ёдовар мешаванд. Бахусус ҳунарманди номӣ – Бурҳон Раҷабов, ки солиёни зиёде бо ҳамроҳии ӯ дар саҳнаи театри тоҷик нақшҳо иҷро намудааст, ҳамеша хислатҳои наҷиби инсонии ӯро ба мисли садоқат ба ҳунар, самимият ва зарофат ба хотир меоварад.

Санъаткор меҳри хосае нисбати мардуми Самарқанд дошт ва ҳамеша орзуи дар назди онҳо ҳунарнамоӣ карданро дар дил мепарварид. Ҳангоми сафари ҳунарии театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ дар Самарқанд, ки он сентябри соли 1990 сурат гирифтааст, ӯ дар мусоҳиба бо хабарнигор Хурсанд Ҷумъазода чунин суханони самимиро ба забон овардааст:

«Дӯстонам, устодонам, намедонам аз дастам чӣ меояд. Вале медонам, Шуморо дӯст медорам, бо ёди Шумо зиндаам. Агар ҳунари фарзанди дурафтодаатон писандатон ояд, сарам ба осмон мерасад. Ман рӯзи тамошо ташнаи дидору нигоҳҳои меҳрбори шумоям!..» Ин суханон, ки дар онҳо як ҷаҳон самимияту эътиқоди санъаткор ниҳон аст, бори дигар шоҳиди муҳаббати беандозаи ӯ нисбати театр ва тамошобин мебошанд.

Намоз Ойматов ҳамеша дар орзуи он буд, ки дар Самарқанд рӯзе театри тоҷик ташкил ёбад, зеро ба қавли худаш «самарқандиён тамошобинони адофаҳму нозуктабиат ва санъатдӯст ҳастанд».

Силсилаи образҳои ҳунармандонае, ки актёри бомаҳорат Намоз Ойматов дар саҳнаи театр офаридааст, бо мазмуни ахлоқию иҷтимоӣ, шакли ҷаззоб ва эҳсосу андеша аз ҳунари волои ин санъаткори варзида дарак медиҳанд.

Б. ХУРРАМЗОД,

устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, доктори фалсафа доир ба илмҳои санъатшиносӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: