Саҳми соҳаҳо дар афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ

Тибқи маълумоти Кумитаи миллии омор, дар моҳҳои январ-марти соли 2025, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 6,8% афзоиш ёфт.

Соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангалпарварӣ ва моҳидорӣ ба рушди ММД 0,4 банди фоизӣ, саноат — 1,7 б.ф., сохтмон — 0,7 б.ф. ва соҳаи хизматрасонӣ — 3,8 б.ф саҳм гузоштанд.

Ба шарофати афзоиши андозҳои соф аз маҳсулот, ММД боз 0,2 банди фоизӣ боло рафт.

Саҳми соҳаҳо дар афзоиши ММД дар моҳҳои январ–марти соли 2025:

Хизматрасонӣ — 3,8 %

Саноат — 1,7 %

Сохтмон — 0,7 %

Кишоварзӣ, ҷангалпарварӣ ва моҳидорӣ — 0,4 %

Андозҳои соф аз маҳсулот — 0,2 %

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: