ЧАРО КӮДАКОНИ МО ДАШНОМ МЕДИҲАНД?

ё муроҷиат ба падару модароне, ки нисбати тарбияи фарзанд эҳсоси масъулият намекунанд

Фарзанд новобаста аз синну сол, вазифа ва ҳатто мақому мартабаи худ, таъсири падару модарро эҳсос мекунад. Сухани волидон барои ӯ роҳнамо ва намуна мегардад. Аммо имрӯз як нохушӣ, ки рӯз аз рӯз доман паҳн мекунад, маро сахт нигарон кардааст: забону муомилаи байни кӯдакон ва ҷавонони мо. Онҳо чунон сухан мегӯянд, ки гӯё бе дашному ҳақорат суҳбат маънӣ надошта бошад! Ҳангоми бозӣ, суҳбат, гардиш дар кӯча ё мактаб ва ғайра бо ҳам ба забони ноҳамвор муомила мекунанд. Ҳақоратҳои онҳоро шунида, кас шарм медорад. Бадтарин чиз он аст, ки бештар аз ҳама ҳақорат ба номи модар равона шудаанд, ки шири сафед додааст ва аллаҳо гуфтааст.

Ин як воқеияти талх аст, ки набояд аз он чашм пӯшид. Чаро фарзандони мо чунин ибораҳоро истифода мебаранд? Магар мо – волидон инро намебинем ё намешунавем? Оё масъулияти тарбияи кӯдакону ҷавононро падару модарон низ бар дӯш надоранд?

Набояд фаромӯш кунем, ки фарзандони мо насли бузургон, мисли Имом Бухорӣ, Саъдӣ, Ҳофиз ва Мавлоно Ҷомии бузург ҳастанд. Мо ворисони фарҳангу адабиёти бой ва ахлоқи воло мебошем. Пас, чӣ тавр метавонем бигузорем, ки фарзандонамон якдигарро бо суханони қабеҳ, ки инсонро шармсор мекунад, муносибат кунанд?!

Фарзанд – оинаи ахлоқи падару модар. Мо бояд як чизро хуб дарк кунем: фарзандон тарбияро аз оила мегиранд. Агар кӯдак ҳақорат кунад, пас шояд ӯ инро аз муҳити хонавода, аз калонсолон, аз телевизион ва ё ҳатто аз телефон ёд гирифтааст. Ҳар сухан ва рафтори мо ба шуури кӯдак таъсир мерасонад.

Дар ин бора Мавлоно Румӣ чӣ зебо фармудааст:

Одамизода агар беадаб аст, одам нест,

Фарқ мобайни бани одаму ҳайвон адаб аст.

Агар мо хоҳем, ки фарзандони боодоб ва солеҳ ба воя расонем, бояд худ намунаи ибрат бошем. Чи тавре ки муҳаққиқон мегӯянд, «Фарзандони мо ҳамон тавре рафтор мекунанд, ки моро дида меомӯзанд, на он тавре ки ба онҳо мегӯем».

Агар фарзанди мо беадаб ва дашномдиҳанда бошад, пеш аз ҳама, ин гуноҳи мо – волидон аст! Нисбати чунин ҳол бетафовут будан ҳаргиз мумкин нест! Тарбия на танҳо дар хона, балки дар кӯча ва мактаб низ идома меёбад. Мо фарзанди худро дар хона тарбия мекунем ва берун аз он набояд бепарво бошем. Зарур аст, ки мо рафтори фарзандро дар кӯча, майдончаҳои варзишӣ, байни рафиқонаш, ҳатто муносибат бо дигарон бояд таҳти назорат гирем ва бо дӯстони ӯ ошно шавем, то бидонем, ки бо кӣ ҳамнишин аст.

Ба фарзанд бифаҳмонем, ки ҳар сухан таъсир дорад. Онҳо бояд дарк намоянд, ки сухан метавонад дилро шиканад ва ҳаёти касеро талху шӯр созад. Барои ин бояд ба баъзе чизҳо мисли телефон, телевизион маҳдудият гузорем.

Ба ҷойи хулоса мешавад қайд намуд, ки агар фарзанди мо дашном медиҳад, пас ин танҳо айби ӯ нест, дар тарбия камбудии мо низ ҳаст... Агар имрӯз ислоҳ накунем, фардо дер хоҳад шуд. Пас, бигзор ҳар кадоми мо тарбияро аз худ сар кунем, то ки фарзандон аз муҳити созгор баҳраманд бошанд ва поку солим ба воя расанд!

Сарфарози САДРИДДИН,

омӯзгор.

Ноҳияи СӮХ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: