Аҳмад Муҳсинов моҳи ноябри соли 1923 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст, вале дар ҳуҷҷатҳо ин сана шашуми майи соли 1924 қайд шудааст. Вай дар кӯдакӣ – шашмоҳагӣ аз падар, сонитар аз модар ятим монда таҳти парастории апаю аммааш ба воя расид.
«Ҳар дам ғанимат аст, одам ғанимат аст», гуфтани шоир беҳуда нест. Замони мактабхонии мо иштирокдорони Ҷанги дуюми ҷаҳон хеле бисёр буданд. Онҳо «гули сари сабад»-и вохӯриҳо ва аз қадамашон файзи таълимгоҳ меафзуд. Эшон «таърихи зинда»-и давру замон буданду ҳастанд.
Мутаассифона, имрӯзҳо шумораашон кам шудааст. Шукр, ки дар Бухоро баъзе иштирокдорони чанг ҳанӯз дар қайди ҳаётанд. Аҳмад Муҳсинови 102-сола яке аз онҳост. Ба воситаи кумаки садорати корҳои мудофиаи вилоят рақами телефони писари вай – Аброр Муҳсинов дастрасамон гардид. Азбаски вазъи саломатӣ, заифии хотира садди роҳи мулоқоти табъи дили мо гашта буд, ба гирифтани маълумоти зарурӣ дар бораи падараш ба мо – Аброрҷони ширинсухан мададгор шуд. Вақте ки намояндаи рӯзномаи «Овози тоҷик» будани моро донист, «Падарам ҳам тоҷик, дар шиносномаашон миллаташон тоҷик навишта шудааст» гуфт вай.
Хонадони Аҳмад Муҳсинов ба сулолаи хоҷагони Бухоро дахл дошта, падару бобояш бо қоригӣ, истеҳсоли коғаз ва мирзогӣ машғул будаанд.
Аҳмад моҳи ноябри соли 1923 дар шаҳри Бухоро таваллуд ёфтааст, вале дар ҳуҷҷатҳо ин сана шашуми майи соли 1924 қайд шудааст. Вай дар кӯдакӣ – шашмоҳагӣ аз падар, сонитар аз модар ятим монда таҳти парастории апаю аммааш ба воя расид. Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм карда ба колхози «Охунбобоев»-и ноҳияи Ромитан чун котиб ба кор даромад. Соли 1942 Аҳмадро ба хидмати ҳарбӣ даъват карданд. Баъди тайёрии кӯтоҳмуддат ӯро ба фронт фиристонданд. Ба А. Муҳсинов лозим омад, ки дар ҷангҳои шадиди Сталинград иштирок кунад. Баъди мағлубияти фашистони хонумонсӯз то соли 1947 дар ҷангҳои Куриёи Шимолӣ ва Ҷопон низ иштирок намуд. Сипас ба зодгоҳ баргашт ва ба нашриёти «Бухоро ҳақиқати» ба кор даромад. Дар як вақт дар факултети таърихи Донишкадаи давлатии педагогии Бухоро (ДДБ-и имрӯза) таҳсили ғоибона гирифт. Баъди хатми таҳсил фаъолияташро дар мактаби миёнаи ноҳияи Ромитан (ҳамчун омӯзгор) давом дод.
Соли 1957 А. Муҳсиновро роҳбари сензураи нашриёти вилоят таъин карданд.
Ӯ соли 1963 ҷонишини директори техникуми касбу ҳунари Бухоро, солҳои 1967-1968 роҳбари шуъбаи музейҳои таърихии Садорати мероси мадании вилоят буд.
Аҳмад Муҳсинов аз 22 апрели соли 1969 сар карда фаъолияти меҳнатиашро дар мақомоти корҳои дохилии вилоят идома дод. Ба вай лозим омад, ки то нафақа – (25 августи соли 1984) дар вазифаҳои масъулиятнок: инспектори шуъбаи сиёсӣ–тарбиявии садорати корҳои дохилӣ, инспектори калони ҳамин шуъба, сардори комендатураи махсуси дуюми шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи «Тӯқимачӣ»-и шаҳри Бухоро... кор кунад.
Собиқадори Ҷанги дуюми ҷаҳон ва мақомоти корҳои дохилӣ, майори милится Аҳмад Муҳсинов барои хидматҳои арзандааш бо ордени «Ҷанги Бузурги Ватанӣ», медали «Ғалаба аз болои Ҷопон» (1946), медали «Ғалаба аз болои Германия» – солҳои 1941-1945», нишонҳои «Хидмати бенуқсон дар Вазорати корҳои дохилӣ» (10-сол, 15-сол, 20-сол), нишонҳои хотиравии «Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон», нишони «Собиқадори меҳнат» (соли-1984), медали «Ҷасорат» аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (соли-1994), нишонҳои хотиравӣ аз номи Президенти Русия ба муносибати 50, 60, 65, 70, 75-солагии Ғалаба, нишони хотиравии 30-солагии Истиқлоли Ӯзбекистон, нишони «Корманди фахрии мақомоти корҳои дохилӣ (соли 2024)» ва ғайра сарфароз гардонда шудааст.
Вай падари ҳафт фарзанд буда, ҳоло бо писараш Аброр дар хонаи 9-уми кӯчаи «Чашмаи Айюб»-и шаҳри Бухоро сарбаландона умр ба сар мебарад. Пири бадавлат, дар халқаи фарзандони солеҳ, набера, абера, чабераҳои ширу шаккар шоду масрур аст. Ӯ шукргузорӣ мекунад, ки рӯзгори пурнишоти осоишта, дӯстию ҳаммаслакии халқҳо дар диёри мо ба иқтидори бузурги пешбаранда табдил ёфта, қадру қимати инсон болотар мегардад. Барои ҷавонони соҳибиқтидори имрӯза роҳи рушду комёбӣ, фатҳи қуллаҳои илму камолот боз шудааст. Хуллас, диёре, ки манфиатҳои мардум мароми ӯст, ҳаргиз дар намемонад.
Амрулло Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.