Соҳибкор Умеда Қурбонова якуним сол қабл аз ин дар бинои бекорхобидаи Ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Дӯстлик»-и шаҳри Қувасойи вилояти Фарғона ба фаъолият оғоз карда буд.
Дар ин фурсати кӯтоҳ панҷ ҷои кории доимӣ ташкил карда, савдои бештар аз 50 навъ шириниҳо ва маҳсулоти нимтайёри қаннодиро ба роҳ монд. Ҳамин тариқ, маҳсулоти хӯроквории рӯзмарраи омодакардаи ин ҷо то вилоят, ҳатто то пойтахт расонда дода мешавад. Айни замон дар 5 бинои ҶШМ-и шаҳр филиалҳо ташкил намуда, курсҳои таълимии кӯтоҳмуддат барои бонувонро низ ба роҳ гузошт. Дар ин гуна курсҳо наздик 50 нафар занону духтарон таълим гирифта, доири тайёр кардани ширинӣ ва пазандагӣ малака ҳосил карданд.
– Ба шириниҳоямон беҳуда «Дунёи ба худ хос» ном наниҳодаем, – мегӯяд соҳибкор Умеда Қурбонова. – Мақсади асосии мо ба оилаҳо хурсандӣ бахшидан, дар рӯзҳои хотирмони онҳо ҳамнафас будан аст. Имрӯзҳо сохтмони бинои сеошёна дар арафаи анҷомёбист. Ба нақша гирифтаем, ки дар таҳхонаи бино сехи ширинӣ, дар қабатҳои болоӣ дукони савдо ва нуқтаҳои хӯрокхӯриро ҷойгир созем.
Суратгир: М. Қодиров (ӮзА).