ЧАРО ДУХТАРОНРО БОЯД САВОДНОК КУНЕМ?

Дар вилояти Қашқадарё моҳонаи тарғиботиву ташвиқотие таҳти унвони «Духтаронамон хонанд» эълон гардид. Мақсад аз он ҳарчӣ бештар ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ҷалб намудани духтарон мебошад.

Ҳукумати мо солҳои охир дар робита ба татбиқ сохтани сиёсати гендерӣ корҳои васеъмиқёсро татбиқ менамояд. Қонунҳои ҷумҳурӣ баробарии ҳуқуқҳои занону мардонро яксон таъмин ва тарғибу ташвиқ карда, бо ин ба аҳли ҷаҳони мутамаддин нишон медиҳанд, ки Ӯзбекистон як давлати ҳуқуқбунёд ва мардумсолор аст, сиёсати чӣ дохиливу чӣ хориҷии он аз дидгоҳи ин чорчӯба амалӣ мешавад. Аммо, ҳарчанд дар қонунҳои ҷорӣ баробарии гендерӣ комилан ифода ёфтаанд, қисми аъзами мардуми мо, хоса аҳолии деҳот ҳанӯз пойбанди анъанаҳои халқии муқобили хостаҳои имрӯзи ҳукумат ва аҳли башар ҳастанд.

Онҳо муносибати худро ба занону духтарон аз ин дидгоҳ матраҳ месозанд. Хоса як гурӯҳ мардони аз аслу моҳияти дини ислом, аз аҳодису таъкидҳои китоби мубораки Қуръон бехабар, бонувонро ҷинси заиф ҳисобида, ҳуқуқи худро назар ба онҳо болотар ва волотар мешуморанд. Ин рафтори беҷо ва комилан ғалат боиси он шудааст, ки қисмати бештари духтарон аз ҳуқуқи идомаи таҳсил дар макотиби олӣ маҳрум бимонанд. Падару модарони мутаассиб ва пойбанди анъанаҳои куҳна дар замоне, ки илму техника рушди бемисл дораду аксар занону духтарони миллатҳои пешқадам саводнок шуда, барои инкишофи кишвари худ камари ҳиммат мебанданд, духтарони худро бо чашми кам мебинанд. Бештари духтарон чун мактаби миёнаро хатм карданд, бо хости волидайн зуд хонадор мешаванд ва аз идомаи таҳсил дар мактабҳои олии дилхоҳашон канор мемонанд. Аммо таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳанд, ки дар мактабҳои олӣ таҳсил кардани духтарон бояд ҳатмӣ бошад. Зеро агар дар оила модар босавод бошад, фарзандони ӯ низ босавод ба воя расида, дар инкишофи ватани худ ҳиссаи хубе хоҳанд гузошт. Ҳамчунин занони таълимдида ҳаргиз намегузоранд, ки озодии онҳоро касе халалдор кунад. Ин як василаи воқеъан хуби расидан ба ҷомеаи ҳуқуқбунёд мебошад.

Ин аст, ки дар вилояти Қашқадарё моҳонаи тарғиботиву ташвиқотие таҳти унвони «Духтаронамон хонанд» эълон гардид. Мақсад аз он ҳарчӣ бештар ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ҷалб намудани духтарон мебошад. Дар барномаи ин чорабинии густарда таъкид шудааст, ки модарони саводнок ва оқилу доно барои тарбияти фарзандони худ бештар саҳм мегиранд ва ба инкишофи истеъдоди онҳо мусоидат мекунанд.

Тибқи дастури тасдиқшудаи ҳокимияти вилоят моҳонаи тарғибот то вопасин рӯзҳои моҳи майи соли ҷорӣ идома меёбад ва тамоми маҳаллаҳо, таълимгоҳҳои шаҳру навоҳии вилоятро фаро хоҳад гирифт. Мувофиқи қарори махсус кулли омӯзгорони мактабҳои олии қаламрав ба 1232 дабистони вилоят вобаста шуда, вазифадор гаштаанд, ки бо шогирдони мактабҳои миёна вохӯриву мулоқот анҷом диҳанд ва дар байни духтарон ба тарғиби тафаккури нав мусоидат намоянд. Дар рафти чорабиниҳо намояндагони муассисаҳои оила ва занону духтарон, таълими олӣ, фан ва инноватсия, мутахассисони Саридораи таълими томактабиву мактабии вилоят ва дигар идораҳои дахлдор иштирок карда, ба духтарони хатмкунандаи мактабҳои миёна бояд зарурати давом додани таҳсил дар мактабҳои олиро барои расидан ба фардои дурахшон маънидод кунанд. Ҳангоми дидору мулоқот аз шароити имрӯзаи донишгоҳу донишкадаҳои кишвар, имтиёзҳои маҳз барои духтарон фароҳамовардашуда низ сухан карда, завқи онҳоро ба идомаи таҳсил афзуда, иштиёқашонро ба ҳаёти рӯзмарра бештар намоянд.

Дар амал татбиқ сохтани лоиҳаи «Духтаронамон хонанд» як навъ ҳушдор ба падару модаронест, ки ба таҳсили минбаъдаи духтарон эътибори ҷиддӣ намедиҳанд ва шукуфоии ҳаёти минбаъдаи фарзандони худро нодида мегиранд. Дастандаркорони ин чорабинӣ ният доранд, дар маҳаллае, ки аз қаламрави он бештар духтарон ба макотиби олӣ қабул шудаанд, китобхонаи нав бунёд созанд ва ба бошандагону фарзандони онҳо ҷиҳати қадрдонӣ чун туҳфа супоранд.

Аммо фурсате расидааст, ки падару модарон бидуни чунин тарғибу ташвиқ худ барои ояндаи фарзандонашон камари ҳиммат бубанданд, бефарқ набошанд ва ба соҳиби саводи мукаммал шудани онҳо, бахусус духтаронашон саъй намоянд, ин корро ба барномаи зиндагии хеш табдил диҳанд.

Шариф Халил,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: