Субҳ дамид. Офтоб бо табассум аз паси шонаҳои кӯҳ рух намуд. Тоҳири чӯпонро садои ногаҳоние бедор кард.
Вай ҳавли ҷон аз ҷояш хеста, аввал ба самти қӯра рафт. Бузу гӯсфандон ором мехобиданд. Бо дидани соҳибашон беқарор шуданд. Тоҳир ҳама ҷоро амн ёфта, ба хаймаи чӯпониаш баргашт. Ҷойгаҳи хобашро ғундошт. Вай дар тараддуди оташ афрӯхтан шуд. Гӯгирдро пайдо кард ва як бандча ҳезуми хушк дар даст ба сари оташдон рафт. Оташ гиронд ва якчанд ҳезуми тарнаморо низ ба болояш партофт. Чойники пур аз обро ба оташдон гузошт. Оби чойник ҷӯшид. Ӯ барои дам кардани чой аз даруни хайма дар даст чойники дигаре берун омад. Миқдоре чойи хушк андохт. Оби ҷӯшидаро аз болояш рехтанӣ буд, ки ногоҳ чанд қатра ба дасташ чакид. Дасти Тоҳир сӯзиш кард ва аз ин дард қариб буд, гиря кунад. Тоҳир чӣ кор карданашро надонист. Бо як азобу машаққат боқимондаи обро чой дам кард. Як-ду пиёла чойро нӯшид, аммо аз сабаби сӯзиши даст, нон аз гулӯяш намегузашт. Фикри «акнун чӣ тавр рамаро нигоҳубин мекунам» азоби вайро зиёд кард. Ногоҳ сагаш – Хайбар аккосзанон ба як тараф тохт. Тоҳир зуд аз хайма баромад ва дид, ки ду каси харсавор аз самти деҳа меоянд. Дарҳол ба пешвози онҳо шитофт ва Хайбарро ором сохт. Меҳмононро зуд шинохт. Бобои Ориф ва наберааш оҳиста ба сӯйи ӯ меомаданд. Бобои Ориф як сол пеш зиёдтар аз бист гӯсфанди худро ба Тоҳири чӯпон дода буд.
– Акнун ҷавон нестам ман, шояд ба ягон рӯзам даркор шаванд, – гуфта буд маънидор мӯйсафед. Вай дар ивази заҳматҳои Тоҳир ҳар моҳ маблағе медод. Тоҳир фикр кард, ки мӯйсафеди баор аз ҳамон қадар роҳи дур барои супоридани ҳаққи чӯпон омадааст. Аммо иштибоҳ карда буд. Бобои Ориф дасти латтапечи Тоҳирро дида, таассуф кард ва чанд сухан барои дилбардорӣ ҳам гуфт. Тоҳир миннатдор шуд ва аз бобои Ориф пурсид:
– Чаро саҳари барвақт омадед? Магар ҳодисае рӯй дод?
Бобои Ориф гуфт:
– Дирӯз бегоҳӣ Аминбойи ҳамдеҳаамон аз олам гузашт. Ман аз вай қарз дорам. Албатта, имом вақти ҷаноза мепурсад, ки майит аз кӣ қарздор аст, ё кӣ аз ӯ қарзе дорад. Ин лаҳза хомӯш нишинӣ, хуб нест, – каме сурх шуд бобои Ориф. – Бигузор бе дилкашолӣ ба манзили охираташ равад. Ҳоло мехоҳам, ки шашто гӯсфандамро барам ва то вақти ҷаноза фурӯхта, қарзҳоямро баробар кунам. Медонед, ҳозир барои гузаронидани маъракаҳо пули бисёр лозим. Ҳарчанд исрофро макрӯҳ медонанд, боз мардуми мо аз пайи хурофот мераванд.
– Рост гуфтед, бобо. Мардуми мо одатҳои номатлуб доранд. Ба харидани як китоб дилашон намешавад, аммо рӯзи дафн даҳ гӯсфанд мекушанд. Ё ҳамон гӯсфандро дар зиндаҳолӣ куштаву намехӯранд, аммо чун ба дори фано рафтанд, ҳатман аз барои худнамоӣ худоӣ мекунанд... Ин нағз не.
– Кош, ин одатҳои бад гум мешуданд.
– Мешаванд, агар ақлу донишамонро ба кор барем, аз гуфтаҳои динамон набароем.
– Рост, – гуфт дар ҷавоб бобои Ориф ва ба наберааш фармуд, ки гӯсфандони даркориро ҷудо кунад.
Пас аз ин гап онҳо шашто гӯсфандро шинохта, аз рама ҷудо карда бароварданд. Тоҳир ба бобои Ориф гуфт:
– Агар ба деҳа равед, додарам Ёқубро гӯед, ки зуд ба инҷо ояд. Ман ба хона рафта, дастамро табобат мекунам. Дар шароити дашт газак гирад, азобам дучандон мешавад.
Бобои Ориф бо наберааш гӯсфандҳоро пеш андохта, ба самти деҳа рафтанд. Тоҳир рамаро ба чаро сар дод. Сӯзиши дасти сӯхтааш азоб медод. Як замон гӯсфандон рамида, як сӯ ҷамъ шуданд. Тоҳир ҳушёр шуд. Саг ҳам беқарор шуда, ғуррос зад. Аз паси санге додараш Ёқуб намудор шуд. Дили Тоҳир ором гирифт ва гуфт:
– Э додар, ҳазлатро бас кун. Охир ҷонам дард дорад.
Ёқуб дар ҷавоб гуфт:
– Ассалому алайкум, акаҷон. Дастатон чӣ хел? Аз ман наранҷед. Ҳазл кардан ба ман одат шудааст. Ин одатро нест карда натавонистам. Зеро мегӯянд: «Тарки одат – амри муҳол!»
Онҳо ин тавр як муддат суҳбат карданд. Тоҳир аз ҳоли ҳамдеҳагон пурсид. Ёқуб гуфт:
– Аз борони дирӯза хонаи Қодир тракторчӣ вайрон шудааст. Тоҳир ғамгин шуд ва фаврӣ аз ҷой хест, то зудтар ба деҳа баргардад. Аз рама ду гӯсфанд ва як буз ҷудо карда, ба роҳ даромад. Албатта, ба мӯйсафед кумак лозим мешавад. Тоҳир бузу гӯсфандҳоро пешандоз карда мерафт. Дар роҳ Ҳайдармерганро дид, ки дар сари китф милтиқи шикорӣ меомад.
– Ҳа, мергани якчашма, куҷо меравӣ? Боз харгӯшҳоро мекушӣ? – норизо пурсид Тоҳир.
Ҳайдар дар ҷавоб гуфт:
– Акаи Тоҳир, ба ту-чӣ? Харгӯшҳоро парронам, аз ту намепурсам. Аз ҳукумат рухсатнома гирифтаам.
Тоҳир гуфт:
– Рухсатномаатро ман чӣ мекунам? Охир харгӯшҳо нест шуда истодаанд. Аммо ту ин чизҳоро нафаҳмида истодаӣ.
Ҳайдар норизо даст афшонду ба роҳи худ рафт.
Тоҳир роҳравон ба худ мегуфт, ки сайёдон беинсофӣ мекунанд. Беҳуда ҷонвараконро несту нобуд месозанд. Аз фардои амали худ намеандешанд.
Тоҳир ба хона расид. Писарҳояш давида омада, ба падар салом доданд. Вай аз одоби хуши фарзандон хушнуд гашт. Онҳо зуд молҳоро ба оғил бурданд. Тоҳир либосҳояшро иваз карда, ба беморхонаи деҳа рафт. Шифокорон дасти вайро бо доруҳо шуставу марҳам молиданд ва бастанд. Шифокорон ба Тоҳир таъин карданд, ки ҷойи захмро эҳтиёт кунад. Тоҳир дар роҳи бозгашт аз беморхона ҳамроҳи Қосими ҳамсояаш ба ҷанозаи бобои Аминбой иштирок кард ва дид, ки бобои Ориф қарзҳояшро ба дасти фарзандони раҳматӣ супорид.
– Дар пеши чашми мардум қарзҳояшро дода, кори хуб кард, – мегуфтанд намозгузорон. – Ба баъзе ҷоҳилон дарси ибрат мегардад.
Тоҳир дар роҳи баргашан аз қабристон Қодирбобои тракторчиро дид ва пас аз салому алейк пурсид:
– Шунидам, ки аз борони сахт ҳавлиатон осеб дидааст.
Қодирбобо гуфт:
– Бале, дар ҳолати вазнин афтодем. Маблағе надорам, ки аз нав обод кунам. Писарам – Баҳодур ҳам ҳолати танг дорад.
Тракторчии мӯйсафед дасти Тоҳирро дида, ғамгин шуд. Тоҳир гуфт:
– Мехостам рафтаву ёрӣ расонам, аммо дасти баҷароҳат дорам.
– Ташвиш накашед, як амал мекунем, – лаб газид мӯйсафед ва сар поин андохт.
– Шумо Баҳодурро хонаи ман фиристонед. Ду гӯсфанду як буз оварда будам. Агар лозим шуд, боз кӯмак мекунам.
Қодир хурсанд шуд ва лаб ба дуо кушод. Аз чашмонаш чанд қатра ашк берун шуд.
– Писарам, раҳмат ба шумо, ки дар рӯзи танг дасти ёрӣ дароз кардед. Давлататон зиёда гардад.
Онҳо ҳар кадом ба роҳи худ рафтанд. Қомати хамгаштаи Қодирбобо гӯё алифвор рост шуда буд ва бардам қадам мениҳод. Аз хурсандӣ пайваста одамони некро дуо мекард.
Тоҳир ҳам хушнуд гашт ва як панди гузаштагон ба ёдаш омада, худро хеле сабук ҳис кард. «Некӣ куну ба дарё андоз...» – гуфт зери лаб ва низ оҳиста ба самти хонааш роҳ пеш гирифт.
Зафар Амонов,
хонандаи мактаби таълими ҳамагонии рақами 10 ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё.