НИЗОМИ СУҒУРТА: ИМКОНИЯТ БАРОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОНИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

Дар кишварамон барои рушди минбаъдаи бозори молия, фарогирии соҳибкорон бо хидматрасониҳои босифати молиявӣ, дастгирии фаъолияти ташкилотҳои суғурта, инчунин ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон дар ин соҳа чорабиниҳои сохторӣ амалӣ мегарданд.

Дар марҳилаи муҳими ислоҳоти имрӯза бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёт зарурати тақвият бахшидан ба нақши бозори суғурта ва истифодаи васеи воситаҳои суғуртавӣ дар ҷумҳурӣ ба миён меояд. Аз ҷумла, мушкилоте, ки бо пурзӯршавии тағйирёбии иқлим марбутанд ва ба соҳаи аграрӣ хисороти ҷиддӣ мерасонанд, торафт хусусияти глобалӣ касб мекунанд. Яъне истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар натиҷаи офатҳои табиӣ, чун борони пуршиддат, жола, сел, тӯфон ё зараррасонҳо, ки ба ҳосил осеб мерасонанд, хисороти ҷиддии иқтисодӣ мебинанд.

Танҳо дар соли 2023 дар натиҷаи таъсири сардии ғайриодии фасли зимистон 9,1 ҳазор гектар боғ ва 4 ҳазор гектар токзори кишварро сармо зад, ки дар натиҷа 207 ҳазор тонна ё 8,5 фоизи ҳосил талаф ёфт ва ин вазъи молиявии баъзе фермерҳоро душвор гардонид.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки самарабахштарин усули идоракунии хатарҳо ҷиҳати таъмини истеҳсоли пайваста ва устувории молиявии соҳаи кишоварзӣ, маҳз суғурта мебошад. Дар амалия, стратегияҳои гуногун барои идоракунии хатарҳо дар кишоварзӣ таҳия шудаанд, аммо агросуғурта ҳамчун як воситаи муассири муҳофизат аз хатар ва талафоти ғайриинтизор дар соҳаи кишоварзӣ боқӣ мемонад.

Азбаски кишоварзӣ соҳаи махсус ва дорои сатҳи баланди хатар аст, дар панҷ соли охир дар ин бахши кишоварзии Ӯзбекистон суғуртаи ҳосил амалӣ намегардид.

Ҳоло дар парвариши маҳсулоти кишоварзӣ асосан суғуртаи хатари бознагардонидани кредит истифода мешавад. Аммо чунин намуди суғурта танҳо барои баргардонидани кредитҳои имтиёзнок хидмат карда, ҳосили парваришёфта бидуни суғурта боқӣ мемонад.

Агар ба таҷрибаи байналмилалӣ эътибор диҳем, дар аксар мамлакатҳои ҷаҳон суғуртаи кишоварзӣ ба таври васеъ ҷорӣ гардида, дар беш аз 50 давлат ин амалиёт бо қонуни алоҳида танзим мешавад. Суғуртаи кишоварзӣ дар Испания аз соли 1978, дар Туркия аз соли 2006 ва дар Озарбойҷон аз соли 2019 бар асоси қонунҳои алоҳида ҷорӣ шудааст.

Чанде пеш аз ҷониби Президент Қонун «Дар бораи суғуртаи хавфи кишоварзӣ» имзо гардид. Ҷиҳати молики аҳамияти ин қонун дар он аст, ки масъалаҳои муҳими соҳаро фаро гирифта, бо он ба бархе мушкилоти соҳа нуқта гузошта шуд.

Мувофиқи ин ҳуҷҷат, барои ҳифзи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз таваккалкориҳои гуногун ва кафолат додани даромади устувори онҳо Бунёди суғуртаи кишоварзӣ таъсис меёбад. Ташкили татбиқ ва идоракунии он, таъмини пардохти товони зараре, ки аз рӯи шартномаи суғурта ба истеҳсолкунандагони хоҷагии қишлоқ расонда шудааст, чун вазифаи асосии бунёд муқаррар гардидааст.

Барои роҳбарии умумӣ ба фаъолияти бунёд Шӯрои идоракунии бунёд ташкил мегардад. Ҳайати шӯро аз ҳафт нафар иборат буда, ба он муовини вазири кишоварзӣ сарварӣ мекунад.

Арзёбии талафоти суғуртаи кишоварзӣ ва муайян намудани ҳаҷми зарар дар натиҷаи ҳолатҳои суғуртавӣ ба зиммаи як ниҳоди нав — коршиносони мустақил вогузор карда мешавад.

Дар самти суғурта кардани хатарҳо дар соҳаи кишоварзӣ аз тарафи давлат механизми дастгирӣ роҳандозӣ мегардад. Аз ҷумла, дар санад пешбинӣ шудааст, ки 50 фоизи мукофоти суғурта аз ҷониби давлат пардохт мегардад. Ҳамчунин, дар ҳолати нокифоя будани маблағҳои Бунёди суғуртаи кишоварзӣ барои ҷуброни зарар аз офатҳои табиӣ ва дигар хатарҳои ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ расондашуда, қисми боқимонда аз ҳисоби буҷаи ҷумҳуриявӣ пардохта мешавад.

Дастгирии давлатии суғуртаи кишоварзӣ, дар баробари таъмин намудани устувории иқтисодии деҳқонон ва фермерҳо, дар таъмини амнияти маҳсулоти озуқавории кишвар низ аҳамияти калон дорад.

Саволи барҳақ ба миён меояд: шартномаҳои суғуртаи кишоварзӣ тибқи кадом омилҳо таҳия мегарданд? Бояд гуфт, ки тибқи Қонун истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар истеҳсоли маҳсулот метавонанд дар асоси як ё якчанд хавфу хатар шартномаҳои суғуртаи кишоварзиро ба имзо расонанд. Офатҳои табиӣ ва техногенӣ, сӯхтор, зарар дидани растанӣ аз ҳашароти зараррасон ва бемориҳо, паҳншавии бемориҳои сироятии ҳайвоноти кишоварзӣ ва заҳролудшавии онҳо, осеб дидани киштзор аз ҷониби ҳайвоноти ваҳшӣ ва ё зарар расонидан ба ҳайвоноти кишоварзӣ аз ин ҷумлаанд.

Қонуни мазкур, ки дар миёнаи моҳи июли соли равон эътибор пайдо мекунад, пеш аз ҳама барои танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои суғурта, ки баҳри ҷорӣ намудани низоми суғуртаи ҳосил дар соҳаи кишоварзӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ имкон медиҳад, замина фароҳам меорад. Дар навбати худ, мо – депутатҳоро зарур аст, ки мазмуну моҳияти ин ҳуҷҷатро дар байни аҳолӣ, аз ҷумла, деҳқонони заҳматкаш ва фермерҳо васеъ ташвиқ ва таблиғ намоем.

Абдуманноп БӮРИЕВ,

депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: