ТАҶРИБАИ НАВ САМАРАИ ХУБ МЕДИҲАД

Саминҷон Паттаеви 75-сола ба пиронсолиаш нигоҳ накарда, аз ҳар як ваҷаби замини рӯйи ҳавлиаш самаранок истифода мебарад.

Саминҷон Паттаеви 75-сола, ки дар ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи «Ёшлики» ноҳияи Риштони вилояти Фарғона истиқомат мекунад, ба пиронсолиаш нигоҳ накарда, аз ҳар як ваҷаби замини рӯйи ҳавлиаш самаранок истифода мебарад. Ба пирамард завҷааш маслиҳатчӣ ва кӯмакрасон. Онҳо бо тавсияи бародарони тоҷикистонии худ парвариши пиёзро ба роҳ мондаанд. Вақте ба маҳалла медароед, чашматон ба гармхонаҳои замини рӯйиҳавлии хонадонҳо меафтад, ки кабудиву сабзавотҳои рӯзмарраи рӯзгорро парвариш мекунанд. Аз ҷумла дар ҷамъомади шаҳрвандони маҳаллаи «Қайрағоч» низ ин таҷрибаи нав кор дар авҷ аст.

Суратгир: М. Қодиров ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: