ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ: ХОРАЗМ ЧОРРОҲАЕСТ, КИ ТАЪРИХИ ПУРШАРАФ ВА ИСЛОҲОТИ НАВИНИ МО БА ҲАМ ПАЙВАСТААСТ

2 май дар ноҳияи Урганч бахшида ба баррасии вазифаҳои устувор оид ба рушди иқтисодиву иҷтимоии вилояти Хоразм ҷамъомад баргузор гардид.

Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки Хоразм чорроҳаест, ки таърихи пуршараф ва ислоҳоти навини моро ба ҳам мепайвандад.

Метавон гуфт, ки соли гузашта барои ин сарзамини аз занҷири логистикӣ дур ва захираҳои табиияш маҳдуд “соли тиҷорати хурду миёна” гардид. Соли 2024 дар вилоят 7 ҳазор соҳибкори нав ба фаъолият оғоз намуд, 47 корхона аз хурд ба миёна гузашт. Фаъолияти 1 700 корхона дубора роҳандозӣ шуд. Дар натиҷа тӯли сол 290 ҳазор аҳолии вилоят бо кор таъмин гардиданд.

Аммо дар пеш масъалаҳои муҳим қарор доранд. Сатҳи камбизоатӣ дар вилоят то ҳол ҳудуди 12 фоиз буда, 45 ҳазор аҳолӣ бекоранд. Аз ин рӯ, таъкид гардид, ки ҳокимон ва муовинони онҳоро зарур аст, ки ҳар як имкониятро ба лоиҳа табдил дода, ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд, иқтидори саноатӣ, хизматрасонӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва содиротиро боз ҳам афзун гардонанд.

Сарвари давлатамон имкониятҳои ин соҳаҳо ва чораҳои ба кор даровардани онҳоро баён кард.

Масалан, агар иқтидори содиротии сайёҳӣ дар мамлакат 10 миллиард доллар бошад, 2 миллиард доллари он ба Хоразм рост меояд. Афсӯс, ки ин пурра ба кор дароварда намешавад.

Дар вилоят ҷамъ 263 ёдгории мероси фарҳангӣ мавҷуд аст. Агар дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон онҳоро ба макони сайёҳӣ табдил диҳанд, даромади иловагӣ ва ҷойҳои корӣ пайдо мешавад. Инчунин, бо ҷалби бостоншиносони варзида аз хориҷ барои муайян кардан ва барқарор намудани мавзеъҳои таърихӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

Дар Хоразм беш аз 40 намуди ҳунарҳои мардумӣ рушд ёфта, сайёҳон ба раванди истеҳсоли маҳсулот низ таваҷҷӯҳ доранд.

Дар туризм ҷойҳои хӯрокхӯрӣ хеле муҳиманд. Президент зарурати дастгирии рестораторонеро, ки таомҳои миллии моро дар хориҷ таблиғ мекунанд, таъкид кард. Муқаррар гардид, ки як қисми хароҷоти марбут ба сабти ном, рухсатнома ва корбарии тарабхонаҳои ӯзбекӣ дар хориҷ пардохт мешавад.

Масъалаҳои зиёд кардани ҷой барои меҳмонон ва хидматрасонии нақлиёт, бунёди масканҳои нави дилхушию тематикӣ, омодасозии роҳбаладу пешхидматҳо низ муҳокима шуданд.

Дар маҷмӯъ, дар назди масъулон вазифаи иҷрои 91 лоиҳа ба маблағи 200 миллион доллар, таъсиси 100 ҳазор ҷойи нави корӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва хидматҳо гузошта шуд. Бо ҷалби 2 миллион сайёҳи хориҷӣ ва 10 миллион нафар сайёҳи маҳаллӣ, имконпазир будани аз 700 миллион доллар зиёд кардани содироти сайёҳӣ таъкид гардид.

Дар соҳаи иқтисодиёт низ имконот зиёд аст. Имсол дар Хоразм на кам аз 6 дарсад инкишофи иқтисодӣ таъмин гардида, аз 60 триллион сӯм зиёд кардани маҳсулоти умумии минтақавӣ дар назар аст. 265 ҳазор нафар аҳолӣ бо кор таъмин гардида, аз камбизоатӣ раҳо кардани 104 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст.

Масалан, тибқи барномаи хусусигардонӣ, соли 2025 дар вилоят 41 бинои давлатӣ ва 350 гектар замин ба фурӯш гузошта мешавад. Ин барои бахшҳои хидматрасонӣ, сайёҳӣ ва истеҳсолӣ имконияти бузург аст. Дар ҳашт соли охир саноати мебелсозии Хоразм се баробар афзуд. Дар 10 гектар майдони Хонқа минтақаи мебелсозӣ ташкил карда шуд. Бо мақсади рушди минбаъдаи ин шабака аз хориҷ дизайнер, маркетолог, муҳандис-технолог даъват карда мешавад.

Дар умум супориш дода шуд, ки бо мақсади такони ин соҳа дар мамлакат барномаи махсус омода карда шавад.

Дар шароити печидаи кунунии ҷаҳон давлате, ки инноватсия ва сармоягузориро ҷалб месозад, бурд мекунад. Дар ин ҷода дар Хоразм низ нақшаҳои бузург мавҷуданд. Аз ҷумла, соли ҷорӣ 12 лоиҳаи бузург ва 480 лоиҳаи минтақавӣ ба маблағи 900 миллион доллар роҳандозӣ мешавад. 65 намуди маҳсулот, 5 хели таҷҳизот истеҳсол гардида, ҳаҷми маҳаллисозӣ ба 1,7 триллион сӯм мерасад. 1,5 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ҷалб шуда, 510 миллион доллар ба хориҷ содирот мешавад.

Масалан, дар 175 гектар майдони ноҳияи Қӯшкӯпир “Парки технологии Ӯзбекистон-Чин” ташкил мегардад. Дар он татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 1 миллиард доллар пешбинӣ шудааст.

Дар Тупроққалъа марҳилаи аввали маҷмааи газу кимиё ба маблағи 10 миллиард доллар кори худро сар мекунад. Дар он соле 2 миллион тонна 14 намуди маҳсулоти плимери пойгоҳӣ бо арзиши иловагии зиёд истеҳсол мегардад.

Ҳоло дар Хоразм 663-то корхонаи масолеҳи сохтмон фаъолият дорад ва ин самт ба яке аз шабакаҳои драйверии вилоят табдил ёфтааст. Акнун фурӯши маҳсулоти онҳо тавассути чораҳои молиявӣ дастгирӣ карда мешаванд. Дар шабака боз 40 лоиҳа ба маблағи 100 миллион доллар татбиқ мешаванд.

Дар ноҳияи Тупроққалъа аз тарафи ширкати Словакия бо харҷи 170 миллион доллар кишти растании рапс ва истеҳсоли биоэтанол аз он роҳандозӣ мешавад.

Дар бахшҳои кишоварзӣ 56 лоиҳа ба маблағи 60 миллион доллар татбиқ мегардад. 3400 гектар замин аз нав мавриди истифода қарор меёбад. 1200 гектар боғҳои мевадори саноатӣ барпо мешаванд.

Дар 7,5 ҳазор гектар замини Хоразм якҷо бо ширкати австриягии “Бауэр” роҳандозии обёрии обпошӣ дар назар аст. Дар ин сурат ба фермерон чунин таҷҳизот дар шакли лизинг ба муҳлати 10 сол бо ставкаи 2,5 фоизи солона бо сӯм дода мешавад.

Фермерони хоразмӣ барои кам кардани арзиши аслӣ ҳаракат карда, ба трактор “автопилот”-и замонавӣ шинонданд. Дар натиҷа пунба дар замин тибқи тартиби амиқ кошта шуда, сифат афзуд. Зикр гашт, ки барои дастгирии ин ташаббус кредити имтиёзнок тақдим карда мешавад.

Дар вилоят обёрии майдонҳои кишт кори осон нест. 21 дарсади насосҳои ҷумҳурӣ дар ин ҷо ҷойгиранд. Зарурати дар онҳо гузоштани панелҳои офтобӣ ва ба ин тариқ кам кардани хароҷоти барқ таъкид гардид. Чораҳои рушди моҳипарварӣ, коркарди шир, парвариши маҳсулоти иловагӣ дар саҳро муқаррар карда шуд.

Бо мақсади баланд бардоштани некуаҳволии мардум корҳои бунёдкорӣ низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, соли равон 200 бинои бисёрошёнаи дорои 7 ҳазор хонадон сохта мешавад, 1,5 ҳазор километр роҳ ва 20-то пул таъмир мегардад. Дар ин соҳа 20 ҳазор нафар аҳолӣ бо кор таъмин мешаванд.

Вазифаҳои рушди иҷтимоӣ низ ба миён гузошта шуданд. Ба масъалаҳои зиёд кардани масканҳои тиббӣ, тавсеаи амалиёти ҷарроҳии технологии баланд, солимгардонии аҳолӣ, фарогирии толибилмони техникум ва боргоҳҳои таълими олӣ бо таълими дуалӣ, таъмини шуғли ҷавонон диққати махсус дода шуд.

Дар ҷамъомад ахбори мутасаддиён аз рӯйи нақшаҳо ҷиҳати иҷрои чораҳои муайянгардида шунида шуд.

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: