Сарвари давлат бо фаъолияти корхонаҳои нави “Урганч кластер”-и Хоразм шинос шуд.
Аз таъсиси кластер панҷ сол гузашт. Имрӯз он як «занҷир»-и мукаммалест, ки тамоми равандҳоро аз парвариши ашёи хоми пахта то дӯхтани либоси тайёр пурра фаро мегирад. Дар ин система 3000 нафар бо кор таъминанд.
Соҳибкор пахтаеро, ки дар 8500 гектар майдон парвариш шудааст, 100 фоиз коркард мекунад. Барои ин заводҳои пахтатозакунӣ ва равған мавҷуданд.
Ҳоло иқтидори ресандагӣ ва бофандагии корхона афзуд. Бар ивази сармоягузории иловагӣ боз фаъолияти ду корхона ба роҳ монда шуд. Таҷҳизоти замонавии Олмон, Ҷопон ва Туркия насб гардидааст.
Дар корхона маркази таълиму таҷриба таъсис ёфтааст. Дӯзанда ва дизайнер-мутахассисон нахуст дар ин ҷо асрори корро омӯхта, баъд бо кор машғул мешаванд.
Дар натиҷаи ин ҳаҷми истеҳсолот дар сатҳи назаррас афзуд. Иқтидори солонаи омодасозии қариб 10 ҳазору 800 тонна наху калоба ва 3 миллион дона маҳсулоти дӯзандагӣ фароҳам гардид.
Президент Шавкат Мирзиёев аз фабрикаи нав боздид ба амал оварда, бо раванди кор шинос шуд, маҳсулоти тайёрро аз назар гузаронд. Бо зану духтарони дӯзанда сӯҳбат кард. Ба музди меҳнат, шароити кории онҳо мароқ зоҳир кард.
Қисми асосии либосҳои босифате, ки дар ин ҷо истеҳсол мегарданд, содир мешаванд. Иқтидори солонаи содиротии корхона дар атрофи 28 миллион доллар аст.
Аз рӯйи зиёд кардани хел ва сифати маҳсулот, тавсеаи доираи содирот, кам кардани арзиши аслии маҳсулот аз ҳисоби сарфаи энергия тавсияҳо дода шуданд.