«ОВОЗИ ТОҶИК»: САД СОЛИ ПУРОВОЗА»

  • «ОВОЗИ ТОҶИК»: САД СОЛИ ПУРОВОЗА»
  • «ОВОЗИ ТОҶИК»: САД СОЛИ ПУРОВОЗА»
  • «ОВОЗИ ТОҶИК»: САД СОЛИ ПУРОВОЗА»
  • «ОВОЗИ ТОҶИК»: САД СОЛИ ПУРОВОЗА»

Чунин номгузорӣ шудааст китоби ҷашние, ки ба муносибати 100-умин солгарди рӯзномаи «Овози тоҷик» рӯйи чопро дидааст.

Фикр мекунам, ҷамъоварӣ ва ҷо ба ҷо гузории матолибу аксҳо осон набуд барои як китоби таърихиву хотиравӣ. Китоб бо ороиши хуб ва матолиби ҷолибу хонданӣ ба дасти чоп расидааст. Китобро метавон сад соли пуртакопӯ низ номид.

Иқтибос аз гуфтаҳои Президенти кишвар Шавкат Мирзиёев, ки саршор аз ҳисси боварӣ ба журналистонанд, хонандаро бефарқ намегузорад. Инак, як пора аз он гуфтаҳо: «Дар солҳои охир дар ҷумҳурӣ имконоти васеъ барои озодии баён ва гуногунандешӣ фароҳам оварда шуд... Журналистони пуршарафамон, блогерҳои фаъол бо мавқеи қатъӣ ва сухани холисонаашон дар ҳалли мушкилоти ҳассоси ҳаёт, баланд бардоштани самараи ислоҳот, вусъат додани нуқтаи назар ва ҷаҳонбинии ҳамватанонамон саҳми муносиб мегузоранд».

Вожаи «муқаддас», бино ба шарҳу тафсири фарҳангҳо, маънии динӣ – пок, қудсӣ, осмонӣ, олӣ ва заминӣ – азизу гиромӣ буданро дорад.

Устодони сухан рӯзномаи «Овози тоҷик»-ро, ба маънии дуюми ин вожа, даргоҳи муқаддас номидаанд. Зеро дар таъсису тарвиҷи ин нашрия фарзандони баору номуси қавми тоҷик, чун аллома Садриддин Айнӣ, Саидризо Ализода, Абдуқайюми Қурбӣ, Раҳим Ҳошим, Фахриддини Роҷӣ, Тамҳид, Тӯрақул Зеҳнӣ ва дигар абармардон саҳм гузоштаанд.

Ба ин маънӣ сармуҳаррири кунунии рӯзнома Шерпӯлод Вакилов дар пешгуфтори китоб овардааст: «Таърихи пуршарафи «Овози тоҷик» аз санаи 25-уми августи соли 1924 дар Самарқанд, дар муҳити мураккаби иҷтимоию сиёсӣ, дар замони тақдирсозе, ки масъалаҳои тақсимбандии ҳудудии ҷумҳуриҳои сотсиалистӣ ҳанӯз ҷараён дошт, сар шуда чун минбар ба халқи тоҷик хидматҳои шоиста ба ҷо овардааст... Шараф ва ифтихори бузург аст, ки рӯзнома чун мактаби бузурги шогирдпарварӣ дар қалби рӯзноманигорони вақт бо тарбия намудани муҳимтарин хусусияти иҷтимоӣ, маънавӣ, ахлоқӣ шуҳратёр гашта, шахсиятҳои бузургро ба камол расондааст».

Китоб бо мақолаи таърихии Устод Садриддин Айнӣ «Қавми тоҷик ва рӯзнома» шурӯъ шудааст, ки басе рамзист. Дигар ёддошту хотира, ҳикоя, шеърҳо (дар сифати рӯзномаи «Овози тоҷик»), бузургдошти чеҳраҳои фарҳангиву адабӣ ва табрикоти дӯстдору алоқамандони рӯзнома ба ҷолибияти он афзудааст.

Фасли «Таърихи рӯзнома – дар суратҳо», ҳарчанд забони гӯё надоранд, ҳисангезанд. Ба инҷониб, ки бо сухани муқаффо алоқамандие дорам, аксҳои таърихии устодони сухан Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, Ҳабиб Юсуфӣ, Муҳаммадҷон Васфӣ ва Ҷонибек Қувноқ, ки кормандони ин даргоҳи муқаддас будаанд, ҳисси ифтихор ангехт. Як пеши назар оваред, дар паси ҳар акс инсоне, пайи одаму оламсозиҳо гирумон ва такопӯ дошту дорад...

Фикр мекунам, рисолати нашрия танҳо иборат аз расондони ахбор ва дар инсон ташаккул додани ахлоқи ҳамида нест. Он рисолати дигаре низ дорад, ки баланд бардоштани сатҳи забондонии мардум, худшиносӣ ва тарғибу тарвиҷи мактабу маорифи миллӣ мебошад. Суоле пайдо мешавад, «Овози тоҷик» дар тӯли сад сол рисолати баъдиашро то куҷо анҷом дод? Дар ҳамаи давру замонҳо шикваи мардум, ба қавли бухороиҳо, ин будааст, ки «ба забони рӯзнома намеғалтанд»... Умед аст, ки рӯзнома ин рисолаташро сарбаландона низ анҷом медиҳад...

«Овози тоҷик»:100 соли пуровоза» аз чанд дидгоҳ арзиш дорад. Он қабл аз ҳама хотираи таърихиро зинда мегардонад. Баъдан, метавонад ба олимон, муҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯёни факултаҳои филологияю журналистика ва алоқамандони таърихи матбуоти тоҷик, ба сифати манбаи омӯзиш, хидмат кунад.

 

А. СУБҲОНОВ,

«Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: