ДАР МИСР БАРОИ ОМӮЗИШИ ГАРАММАТИКАИ ЗАБОНИ ӮЗБЕКӢ КИТОБ НАШР ШУД

Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Миср дастури таълимиро бо забони англисӣ таҳти унвони «Uzbek Language: Complete Self-Study Guide in 22 Lessons» нашр кард, ки барои омӯзиши забони ӯзбекӣ аз зинаи ибтидоӣ пешбинӣ шудааст.

Ин дастур бо назардошти таҷрибаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва тавсияҳои мутахассисони Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд таҳия шудааст.

Дар муқаддимаи китоб хусусиятҳои забони ӯзбекӣ, марҳилаҳои инкишофи он ва таърихи ташаккули миллати ӯзбек тавсиф ёфтаанд.

Қисми асосии китоб аз 22 дарс иборат аст, ки дар муқоиса бо дигар дастурҳо ба тавзеҳи муфассали мавзӯъҳои бузург намепардозад, балки ба омӯзиши қоида ва сохторҳои муҳиме, ки барои омӯзиши забони хориҷӣ заруранд, нигаронда шудааст.

Ба шарҳи замонҳои феъл дар забони ӯзбекӣ таваҷҷуҳи махсус дода шудааст. Зеро он бисёр вақт барои донишҷӯёни хориҷӣ душворӣ ба миён меорад. Дар китоб ин қоидаҳо бо тарзи содашуда ва бо муқоиса ба забони англисӣ шарҳ дода шудаанд, ки аз усулҳои анъанавӣ фарқ мекунад.

Ҳар як дарс бо машқ ва матнҳои кӯтоҳ анҷом меёбад, дар ҳоле ки шумораи машқҳо маҳдуд аст, то шогирд аз ҳад зиёд сарборӣ нашавад.

Дар охири китоб қисмҳои иловагӣ мавҷуданд, ки омӯзиши забонро осон мегардонанд. Дар он ҷо ба гуфтугӯҳои диалекти ӯзбекӣ ва фарқиятҳои онҳо дахл карда мешавад, инчунин калимаҳои иқтибосие, ки дар забони адабии ӯзбекӣ нестанд, вале ба таври васеъ истифода мешаванд, пешниҳод шудаанд.

Илова бар ин, дар китоб шеър ва сурудҳои машҳури ӯзбекӣ бо тарҷумаи мустақими вожаҳои душвор оварда шудаанд, инчунин маълумоти ҷолиб дар бораи Ӯзбекистон, шаҳрҳои қадимаи он ва шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ пешниҳод мегардад.

Дар поёни китоб луғати хурди ӯзбекӣ-англисӣ ҷой дода шудааст, ки беш аз 2500 вожаро дар бар мегирад. Ин калимаҳо бо истифода аз таҳлили басомад тавассути барномаҳои мухталиф интихоб шудаанд.

Сафорати Ӯзбекистон ин дастурро байни китобхонаҳои Миср ва донишҷӯёни Донишгоҳи Қоҳира, ки забони ӯзбекӣ меомӯзанд, паҳн мекунад. Дар оянда  тавассути сафоратҳои Ӯзбекистон ба дигар кишвар, донишгоҳҳое, ки дар онҳо забони ӯзбекӣ тадрис мешавад, фиристодани китоб дар назар аст.

Ин дастур барои аудиторияи байналмилалӣ дар шакли электронӣ ва чопи ранга дар платформаи «AMAZON» дар кишварҳои Амрико, Аврупо ва Осиё, инчунин ҳамчун замима дар «Google Books» ва «Google Play» дастрас мебошад.

Илова бар ин, китоб ба забони русӣ тарҷума шуда, дар шакли электронӣ бо унвони «Узбекский язык: Полный курс за 22 урока» дар платформаи «LITRES» пешниҳод шудааст.

Ҳоло тарҷумаи дастур ба забони арабӣ идома дорад.

АИ «Дунё»,

ш. Қоҳира.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: