Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ, ки 3 май баргузор гардид, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин масъалаҳои муҳими рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегии байни мамлакатҳоро муҳокима карданд.
Натиҷаҳои татбиқи амалии созишномаҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Русия ба Ӯзбекистон моҳи майи соли гузашта ба даст омаданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зарурати нигоҳ доштани раванди савдои мутақобила, суръат бахшидан ба лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт, андешидани тадбирҳои ҳамоҳангшуда ҷиҳати идомаи муколамаҳои фаъол дар сатҳи минтақавӣ ва тиҷоратӣ таъкид гардид.
Дар ин росто, ба натиҷаҳои самарабахши чорабиниҳои корчаллонӣ, ки дар доираи намоишгоҳи панҷуми байналмилалии саноатии «Иннопром. Осиёи Марказӣ» дар Тошканд баргузор шуданд, баҳои баланд дода шуд.
Бо қаноатмандӣ густариши ҳамкориҳои башардӯстона, пеш аз ҳама дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, фан ва таълим, варзиш ва туризм қайд гардид.
Роҳбарони Ӯзбекистон ва Русия ҳамчунин оид ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ табодули афкор намуда, ҷадвали вохӯриҳои ояндаро баррасӣ карданд.