1 майи соли ҷорӣ ҳокимияти шаҳри Тошканд дар майдони назди Китобхонаи миллӣ фестивали анъанавии «Гулҳои Тошканд»-ро оғоз намуд.
Композитсияи гулҳое, ки ин мавзеъро ба як манзараи зебову аҷиб табдил дода буд, рӯҳи зебои фасли баҳор, салоҳияти маданӣ ва эстетикии пойтахтро ба аҳолӣ ва меҳмонон намоиш медод.
Баробари ба майдони бо гулу буттаҳо ородода ворид шудан назари кас ба композитсияи рамзи Ӯзбекистони Нав – «Монументи Истиқлол» меафтад, ки онро бо гулҳо дар намуди байрақи Ӯзбекистон зеб додаанд. Ду тарафи пайраҳаи майдон бо гулҳои овезон шакли даҳлези гулзорро мемонд. Дар майдон макетҳои динозаврҳоро бо гулборонҳо зеб додаанд. Тамошобинон, махсусан ҷавонон дар атрофи мошинҳои асри гузаштаи тамғаи «Победа», «Волга», самолёти «Кукурузний»-и 18-метраи бо гулҳо саршоргаштаи дар майдон ҷойгузиншуда ҷамъ омада, ба якдигар оиди ин техникаи таърихӣ мубодилаи афкор менамуданд.
– Мақсад аз ташкили чорабинии мазкур ҷалб намудани диққати ҷамоаи васеъ ба масъалаҳои тарбияи экологӣ, ҳифзи табиат, ташаккули ҳисси табиатдӯстии ҷавонон ва рушди тамоилҳои иқтисодиёти «сабз» нигаронида шудааст, – мегӯяд ҷонишини ҳокими шаҳри Тошканд оид ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва корҳои маънавию маърифӣ Дурдона Раҳимова. – Барои созмони ландшафти декоративии майдон зиёда аз 2,5 миллион бех гулу бутта кор фармуда шуд. Инчунин иттиҳодияи «Ҳунарманд» ба мақсади намоиши ҳунарҳои дастии мардумӣ чанде аз ҳунармандонро ба фестивал даъват намуд, ки он ба ҳусни чорабинии мо шукӯҳ афзуд.
Намоиши гул, либосҳои миллӣ, маҳсули дасти ҳунармандон, ба монандӣ кулолгарӣ, чӯбкорӣ, хаттотӣ, заргарӣ, зебу зинати занона диққати бинандагон ва сайёҳонро ба худ ҷалб менамуд.
Назди кулолгари ҷавон, ки бо асбоби худ аз лой кӯзача месохт, иштирокчиёни фестивал ҷамъ омада ҳунари ӯро бо завқ тамошо мекарданд.
– Ман аз ноҳияи Риштони вилояти Фарғона мебошам. Алҳол дар бахши дуюми риштаи кулолгарии бадеии Донишкадаи ба номи Камолиддини Беҳзод таҳсил мегирам. Ин касби авлодии мост, бобову падарам бо он шуғл варзида аз пайи он ризқи худро пайдо кардаанд. Ман аз хурдсолӣ бо ин касб ошно ҳастам, – гуфт Саидҷон Толибҷонов.
Ба ғайр аз ин, ҳунари чӯбкории донишҷӯйи бахши аввали донишкадаи номбурда Ҳасан Муҳаммадқулов, санъати хаттотии магистри бахши дуюми Академияи байналхалқии исломии Ӯзбекистон Фахриёр Муртазоев диққатро ҷалб менамуд.
Ба фестивал дастаҳои ҳунарии фолклории ноҳияҳои Бектемиру Мирободи пойтахт бо сурудҳои халқии дилошӯб фараҳ мебахшид.
– Дастаи мо назди ҳокимияти ноҳияи Бектемири пойтахт ташкил шудааст. Рӯзҳои ид мо бо дастури худ иштирок менамоем. Дар репертуари мо сурудҳои халқҳои гуногун ҷой дорад, – сухан оғоз намуд роҳбари дастаи «Оҳанграбо» Саодат Ғиёсова ва суруди тоҷикии «Додаракам» -ро бо дастаи худ бароямон иҷро намуданд. Атрофиён ба рақс даромада хушҳол гаштанд. Дар даромадгоҳи майдон низ ҳунармандони эстрадиву ҷамоаҳои ҳунарӣ бо баромадҳои идонаи худ шукӯҳи иди гулҳоро меафзуд.
Фестивал то имрӯз давом мекунад.
Гулҷаҳон Кабирова,
хабарнигори «Овози тоҷик».