ДАСТИ ДАРОЗИ УСАИД КӮТОҲ ШУД

Аввали моҳи феврал президенти ИМА Доналд Трамп фаъолияти USAID (Агентии Иёлоти Муттаҳида оид ба тараққиёти байналхалқӣ)-ро ба муддати се моҳ боздошта буд ва ҳоло акнун пас аз чанд рӯз ин мӯҳлат ба поён мерасад ва ҳанӯз сарнавишти он пас аз гузашти 90 рӯз чӣ мешавад, маълум нест.

Ҳоло аслан баҳс рӯйи тақдири агентӣ нест, балки корномаву қиёфаи ҳақиқии он дар беш аз шаст соли таърихи фаъолияташ мебошад.

Вақте ки соли 1961 агентӣ таъсис ёфт, зоҳиран хеле мақсадҳои хуб ва инсонпарваронаро дар назди худ гузошт ва дар ҳар кунҷи дунё ба хотири демократия ва арзишҳои аслии башарӣ амалҳои шоистаро аз мақсадҳои асосӣ қарор дод. Лекин оё то чӣ андоза ба ин ормонҳои эъломнамудаи худ риоя кард?

Пас аз он ки фаъолияти агентӣ боздошта шуд, маъмурияти Трамп кирдорҳои онро фош кард ва маълум гардид, ки он дар тӯли даҳсолаҳои охир асосан бо дахолат ба корҳои дохилии мамлакатҳои мустақил, ки сиёсату роҳашон мақбули Вашингтон нагардидааст, машғул гардида, вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии онҳоро халалдор карда, ҳатто дар баъзе аз онҳо табаддулотҳои сиёсӣ ва давлатӣ ба вуҷуд овардааст.

Роберт Кэннеди, ки ҳоло дар маъмурияти Трамп дар вазифаи вазири тандурустӣ мебошад, мегӯяд, ки пас аз соли 1947 ИМА то соли 1997 дар 83 мамлакат ҳукумати қонунии онҳоро бо роҳи дахолат кардан сарнагун кардааст, дар баъзеаш ҳатто то 2-3 бор ин амали худро такрор намудааст.

Аз 10 ҳазор нафар ходиме, ки доштааст, 97 фоизаш аз вазифа ихтисор карда шуд. Як тасаввур намоед, ки ин миқдор ходим дар мамлакатҳои мухталифи ҷаҳон, ки 130 намояндагӣ дорад, бо вазифаҳои масъулиятноки «омӯзондани» демократия, озодии баён, таҳаммулпазирии ҷинсиву либералисозии арзишҳои милливу ҷамъиятӣ бо буҷети солонаи беш аз 50 миллиард доллар машғул гардиданд, пояҳои ҳар гуна давлати ҷавон ва аз лиҳози иқтисодӣ заифро суст ё хароб кардан мумкин аст. Агар ин миқдори буҷети агентиро, фаразан, бо ММД Ӯзбекистон қиёс намоем, ҳамагӣ чор сол пеш он дар ҷумҳурӣ 66,44 миллиард долларро ташкил менамуд.

Боз ҳамон Роберт Кэннедии вазир дар мусоҳибааш мегӯяд, ки аз соли 2014 агентӣ барои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва матбуоти Украина 5 миллиард доллар харҷ намудааст. Гуфта мешавад, ки аз соли 2022 – оғози буҳрони Украина – барои нигоҳ доштани ниҳодҳои давлатии он 35 миллиард (!) пардохта шудааст, ки дар ин хусус собиқ вазири корҳои хориҷии ИМА Виктория Нуланд бо ифтихор баён карда буд. Агар ба ҳисоб бигирем, ки беш аз 90 фоизи маблағи агентӣ аз буҷети давлатӣ таркиб меёбад, пас ҳоло аз ин даромад маҳрум гардида, баъди қатъ гардидани фаъолияташ кораш тақрибан фалаҷ гаштааст.

Аслан «дӯстдоштатарин» соҳа ва ходимони агентӣ воситаҳои ахбор ва журналистон мебошанд. Ин ҳам беҳуда нест, зеро матбуот аз муҳимтарин василаи тарғибот ва мағзшуӣ мебошад, ки то ба қишрҳои гуногун ва аксарияти аҳолӣ расида рафтан кӯтоҳтарин ва таъсирбахштарин роҳ аст. Ахиран маълум гардидааст, ки то моҳҳои охири фаъолияташ агентӣ 707 воситаи ахбор, 9 ҳазору 200 нафар журналист ва 239 ташкилоти ғайритиҷоратии марбут ба матбуоти хориҷиро дар таъминоти моддии худ нигоҳ медоштааст. Дар ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, барилова ба Украинаи ҳамеша бесубот, Гурҷистону Қирғизистон ва Молдоваю Арманистонро ном бурдан мумкин аст, ки дар се даҳсолаи охир бо «дасти кушоду марҳамати» агентӣ ва гумоштагони дохилии он борҳо ҳукуматҳои қонунӣ вожгун гаштаанд, ё ноором карда шудаанд.

Дар Ғарб ба тарафи матбуоти мамлакатҳои рӯ ба тараққии дигар минтақаҳо ишора карданро дӯст медоранд, ки аз ҳисоби давлат фаъолият мекунанду аз сиёсати он озод буда наметавонанд. Пас чаро расонаҳои амрикоии ҷаҳонӣ, мисли «Ассошиэйтед-пресс» ва радиои «Озодӣ – Аврупои озод» аз манбаи даромади буҷетиашон маҳрум гардида, доду пархош карданд, ки «чаро аз манбаи даромади давлатӣ» онҳоро канор андохтанд.

Равшан назар андозем, зери ниқоби ин кумакрасону демократихоҳон на ҳамеша нияту мақсадҳои шаффофу хайрхоҳона ва беғараз ниҳон асту бетамаъ мебошад. Бо баъзе ҳамкасбони журналисти мо, ки барои расонаҳои Ғарб кор мекунанд, ҳолатҳое низ зиёд рух медиҳад, ки дар сурати ба сиёсати «менстрим», яъне мавқеи гурӯҳи давлатҳои соҳиби расона мутобиқ наомадани мазмуну мӯҳтавои матолибу гузоришашон, фаъолияташон дар он расонаҳо дер намепояд ва дар натиҷа дар ин мамлакатҳо рӯйдоду сиёсатҳои кишвару иттиҳоди давлатҳои «номақбул» барои ҷамъият яктарафа ва нодуруст талқин мегардад.

Ҷойгоҳи он дар Ӯзбекистон чӣ гуна аст? Бинобар иттилои шабакаҳои мухталиф, ки аз манбаъҳои кушод дарёфт намудаанд, дар 10 соли охир агентӣ барои ҷумҳурӣ бештар аз 247 миллион доллар пардохтааст, ки барои институтҳои ҷамъиятӣ ва масъалаҳои гуманитарӣ ихтисос ёфтааст. Аз ҷумла, танҳо соли 2023 барои «дастгирии саводомӯзии матбуотӣ ва мубориза бар зидди иттилооти дурӯғин» 12 миллион доллар пардохт гаштааст.

Тоҷибой Икромов,

шореҳи сиёсии «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: