Ҳар сол мардуми мо 2 майро чун зодрӯзи Қаҳрамони халқи тоҷик, шоир Мирзо Турсунзода таҷлил мекунанд. Соли равон 114-умин солгарди таваллуди шоири маҳбуб васеъ ҷашн гирифта мешавад.
Мирзо Турсунзода яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти тоҷик ва тарғибгари фаъоли сулҳу дӯстии халқҳо буд.
Ҳар сол мардуми мо 2 майро чун зодрӯзи Қаҳрамони халқи тоҷик, шоир Мирзо Турсунзода таҷлил мекунанд. Соли равон 114-умин солгарди таваллуди шоири маҳбуб васеъ ҷашн гирифта мешавад.
Мо донишҷӯёни гурӯҳи тоҷикии факултети забонҳои шарқи ДДТ бо баргузории як чорабинии густарда ёде аз ин шоири ватанпарвар кардем. Ҷамъомади фарҳангии мазкур бо ташаббуси яке аз омӯзгорони фаъоли кафедра Сайёра Саидова баргузор гардид. Дар он фаъолони Маркази фарҳанги тоҷикони вилояти Сурхондарё, омӯзгорону донишҷӯён, меҳмонон аз ноҳияҳо иштирок доштанд. Дар оғози чорабинӣ мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои шарқ, номзади фанҳои филология Махфират Қурбоналиева доир ба ҳаёту фаъолияти эҷодии шоир маълумоти муфиде дод. Баъд донишҷӯён намунаҳо аз осори устод Мирзо Турсунзода қироат карда, чанд саҳнача низ намоиш доданд. Омӯзгорон то домани баҳсу мунозираро фарохтар созанд, викторинаи саволу ҷавобро роҳандозӣ карданд, ки хеле ҷолиб буд. Дар бораи ҳаёти нависанда видеоролик намоиш дода шуд. Чорабинӣ воқеан шавқовар ва фаромӯшнашаванда буд. Дар фарҷоми ҷамъомад донишҷӯёни фаъол ва ғолибони викторина бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо тақдиронида шуданд.
Меҳрангез Тошмирзоева,
донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи давлатии Тирмиз.