Вақте ки дар бораи касбу кори устоӣ ё худ дуредгарӣ ҳарф мезанем, пеш аз ҳама симои мардҳо пеши назарамон меояд. Оё шунидаед, ки занҳо ҳам ба ин касбҳо шуғл меварзанд?
Оре, ҳастанд занони соҳибкоре, ки барои амалӣ намудани дастури давлатии бо кор банд намудани аҳолӣ, алалхусус занону духтарон, коҳиш додани камбизоатӣ ва ба ҳаёти ободу фаровон гом ниҳодани оилаҳо қадамҳои устувор мегузоранд. Яке аз ҳамин гуна занони ташаббускор дар ноҳияи Шӯрчӣ сокини маҳаллаи «Совҷиронбобо» Гулсоат Кунарова мебошад. Касби ӯ омӯзгорӣ аст. Баробари муаллимӣ ӯ муваффақ гардид, ки якчанд занони маҳалларо бо кор банд намояд.
Қариб 5 сол инҷониб Г.Кунарова аз чӯбу тахтаи одӣ қуттиҳое, ки барои маҳсулоти экспортбоб хосанд, тайёр менамояд. Дар ин касб ӯ аллакай устои моҳири гулдаст шудааст. Кору фаъолияти ин тадбиркорзан, ки дар як рӯз ба ҳисоби миёна 100 дона қуттии чӯбӣ барои экспорти мева месозад, ба таърифу таҳсин сазовор аст.
– Бо тадбиркорӣ машғул шуданро аз аввал ҳавас мекардам, – мегӯяд Гулсоат Кунарова. – Ин орзуву ниятам соли 2021 амалӣ гашт. Инак, панҷ сол боз бо масолеҳи чӯбӣ қуттиҳои гуногунандоза месозем. Мавсими кори мо аз моҳи апрел то ноябр сурат мегирад. Дар зимистон аз сабаби сармо ва ба худ нам кашидани чӯбу тахта меҳнатамон самара намедиҳад. Доимӣ 5 нафар ва мавсимӣ 15 нафар занонро бо кор банд месозем. Қуттиҳоро барои меваи зардолу, шафтолу, себ, нок, ангур, лимӯ ба супориши миҷозон нигоҳ карда месозем. Даромади заноне, ки бо ман меҳнат мекунанд ба ҳисоби миёна дар як рӯз 150-200 ҳазор сӯмро ташкил мекунад.
Гурӯҳи устозанҳо касби худро аллакай хуб омӯхтаанд. Дар моҳирӣ ва чаққонӣ ба онҳо баробар шудан мушкил. Вақте ки ҷараёни коркунии онҳоро муоина мекунед, мебинед, ки фурсате нагузашта аллакай қуттиеро сохта ба дигараш мегузаранд.
Боиси хушнудист, ки қариб дар ҳамаи маҳаллаҳои ноҳия сафи заноне, ки аз замини наздиҳавлӣ, гармхонаҳо самаранок истифода мебаранд, ба паррандапарварӣ, харгӯшпарварӣ, асалпарварӣ шуғл меварзанду даромад ба даст меоранд, имрӯзҳо нисбат ба солҳои пешин хеле афзоиш ёфтааст.
Албатта, ҳар яки мо мехоҳем, ки зиндагии фаровон, осуда дошта бошем. Заноне, ки дар асл кадбонуи хонаанд, баробари мардон баҳри ободии оила, зиндагии фаровон часпу талош доранд. Оне, ки ҳаракат мекунад, албатта, баракат мебинад ва ба мурод мерасад.
Нигина ШОЕВА,
ноҳияи Шӯрчии вилояти Сурхондарё.