ҚИТЪАҲОИ ЗАМИНРО ЧӢ ХЕЛ ХУСУСӢ ГАРДОНИДАН МУМКИН АСТ?

Дар қарори Девони Вазирон доир ба чорабиниҳо оиди ба татбиқи Қонун «Дар бораи хусусигардонии қитъаҳои замине, ки ба хоҷагии деҳот пешбинӣ шудааст» низоми маъмурии хидматрасонии давлатӣ оиди хусусигардонии қитъаҳои замине, ки ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ барои истифодаи доимӣ, иҷора ё як умр ба мерос дода мешаванд, тасдиқ гардидааст.

Агар гӯем, ки имрӯз дар мамлакатамон ба рушди ҳама соҳаҳо бо шеваи нав қаробат меҷӯянд, саҳв нахоҳад шуд. Дигаргуниҳое, ки дар соҳаи амволи ғайриманқул ва сохтмон низ рӯй медиҳанд, далели ин гуфтаанд. Моҳи феврали соли 2022 қарори Девони Вазирон доир ба чорабиниҳо оиди ба амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи хусусигардонии қитъаҳои замине, ки ба хоҷагии деҳот пешбинӣ шудааст», ба тасвиб расида буд. Дар он низоми маъмурии хидматрасонии давлатӣ оиди хусусигардонии қитъаҳои замине, ки ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ барои истифодаи доимӣ, иҷора ё як умр ба мерос дода мешаванд, тасдиқ гардидааст.

Бино ба низоми маъмурӣ хидмати давлатии хусусигардонии қитъаҳои замин тавассути МХД ё Портали ягонаи хидматҳои интерактив (my.gov.uz) расонда мешавад. Ин гуна қитъаҳои замин хусусӣ гардонда мешаванд:
- қитъаҳои замине, ки конҳои кандании фоиданок доранд;
- қиъаҳои замине, ки ба таркиби заминҳои ҳифзи табиат, солимгардонӣ ва ба мақсадҳои таърихию фарҳангӣ пешбинӣ шудаанд, ҳамчунин, заминҳое, ки ба фонди ҷангалу об, мавриди истифодаи умум қарор гирифтаи шаҳру шаҳракҳо тааллуқ доранд;
- қитъаҳои замине, ки дорои объектҳои мулки давлатиянду тибқи қонунгузорӣ хусусӣ гардонда намешаванд;
- қитъаҳои замине, ки  барои истифода дар минтақаҳое ҷойгир шудаанд, ки дар онҳо тибқи қонунгузорӣ барои ба амал татбиқ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ маҳдудиятҳо пешбинӣ шудааст; 
- қитъаҳои замине, ки ба онҳо моддаҳои хавфнок асар кардаанд ва аз биоген заҳролуд шудаанд;
- қитъаҳои замине, ки дар давраи фаъолияти минтақаи иқтисодии махсус, бино ба тартиби қонунгузорӣ, ба иштирокдорони минтақаҳои иқтисодии махсус тақдим карда шудаанд;
- қитъаҳои замине, ки хонаҳои бисёрҳуҷра доранд ва ё ба замини хонаҳои бисёрҳуҷра пайвастанд;
- қитъаҳои замине, ки барои татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлатию хусусӣ, муоҳидаву шартномаҳои шарикии иҷтимоӣ, ҳамчунин, барои ниёзҳои ҷамоатӣ ба шахсони ҳуқуқӣ дода шудаанд.

Ариза ба шуъбаи сохтмони ноҳия (шаҳр), барои таҷдиди назар кардани филиали кадастр ба сохтори ахбори «Yerxususiylashtirish» интиқол дода мешавад. Филиали кадастр, баъд аз қабули ариза, дар тӯли 5 рӯзи корӣ маълумотҳоро мавриди тафтиш қарор медиҳад. Шуъбаи сохтмони ноҳия (шаҳр) дар тӯли 3 рӯзи корӣ минтақаи ҷойгиршудаи замин (пункти аҳолинишин ё ҳудуди байни онҳо) ва мувофиқати қитъаи заминро, бо дар назардошти ҳуҷҷатҳои тасдиқшудаи рушди шаҳрсозӣ, тафтиш менамояд. Дар сохтори ахбори «Yerxususiylashtirish» натиҷаҳои ариза, тибқи хабарнома (тасдиқ ё рад кардан) омода гардида, ба соҳиби ариза фиристонда мешавад.

Тибқи он, соҳиби ариза дар тӯли 10 рӯзи корӣ маблағи пардохти хариди заминро амалӣ мегардонад. Баъди пардохти саривақтӣ ордери давлатӣ дода мешавад, ки он ҳуқуқи соҳиби мулк буданро тасдиқ менамояд.  Сипас, идораи кадастр тибқи ордер дар тӯли 2 рӯзи корӣ ҳуқуқи соҳиби мулк гардидани шаҳрвандро аз рӯйхати давлатӣ мегузаронад ва як нусхаи онро ба соҳиби ариза ё МХД интиқол медиҳад.

К. Аскаров,

директори Маркази хидматҳои давлатии шуъбаи адлияи ноҳияи Бӯка.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: