ЯРМАРКАИ МЕҲНАТӢ – ДАР ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи давлатии Навоӣ таҳти унвони «Рӯзи карера» ярмаркаи меҳнатӣ баргузор гардид.

Дар он наздик ба 2000 нафар донишҷӯён иштирок карданд. Ба онҳо беш аз 100 корхонаву муассиса, банкҳои тиҷоратӣ ҷойҳои корӣ пешниҳод намуда, доири фаъолият дар ин муассисаҳо маълумоти батафсил доданд.

Донишҷӯён бо намояндагони соҳаи худ рӯ ба рӯ сӯҳбат карданд. Дар ярмарка бо 217 нафар донишҷӯёни хатмкунанда шартномаҳо оид ба қабул ба кор имзо гардид.

Дар чорабинӣ ҷонишини ҳокими вилояти Навоӣ Ҷамшед Хоҷаев, ректори Донишгоҳи давлатии Навоӣ, профессор Муҳиддин Калонов, ҳамчунин роҳбарони корхонаву муассисаҳо иштирок намуданд.

Соли равон донишгоҳро 5288 нафар донишҷӯён хатм мекунанд. Аз онҳо 2480 нафар дар шуъбаи рӯзона, 187 нафар дар шуъбаи шабона ва 2223 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мегиранд. Хатмкунандагони шуъбаи магистратура 101 нафар мебошанд.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: