ДАР ХОНА – МУЗЕЙИ БАСТАКОР

Мутаваккил Бурҳонов яке аз бастакорони номии ҷаҳон ба шумор меравад.

Ӯ ба мадҳияи ҷумҳуриамон бори аввал соли 1946 ва баъд аз ба даст даровардани Истиқлол – соли 1991 мусиқӣ бастааст.

– Ҳар сол рӯзи таваллуди бастакор (5 майи соли 1996) ва рӯзи ҷашни қабули Суруди миллӣ (10 декабри соли 1992) ба ин ҷо хонандагони мактабҳои шаҳри Бухоро ва ноҳияҳои гирду атроф, шахсони расмӣ барои зиёрати манзили мусиқишиноси номӣ меоянд, – мегӯяд корманди Хона-музейи бастакор Фарзина Тӯраева. – Ашёҳои хона-музей басо одианд. Аз ин бармеояд, ки М. Бурҳонов хоксорона умр гузаронидааст.

Ҳоло маҳаллае, ки бастакор солҳои охири умрашро он ҷо гузаронидааст, бо номи Мутаваккил Бурҳонов номбар мешавад.

Алимурод Темиров.

Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: