ШОҲМОТБОЗОН МУКОФОТОНИДА ШУДАНД

Аз 28 то 30-юми апрел дар шаҳри Тошканд ба пешвози 120-солагии Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон марҳилаи ҷумҳуриявии мусобиқа барои «Ҷоми Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон» баргузор шуд.

Шоҳмот – бозии фикрӣ ва варзишиест, ки дар миёни ду нафар ба рӯйи тахтаи махсус бо 64 хона (сафед ва сиёҳ) анҷом дода мешавад. Шоҳмот на танҳо як бозии рақобатӣ аст, балки василаи беҳтар кардани тафаккури мантиқӣ мебошад.

Ҳар сол дар ҷаҳон садҳо мусобиқаи шоҳмот баргузор мешавад.

Иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон дар рушди ин намуди варзиш саҳми босазо доранд ва бо баргузории мусобиқаҳо ба мисли «Ҷоми федератсия» онро дастгирӣ мекунад.

30-юми апрел маросими ҷоизасупорӣ бахшида ба «Ҷоми Федератсияи иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон» дар марҳилаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот шуда гузашт.

Аз 28 то 30-юми апрел дар шаҳри Тошканд ба пешвози 120-солагии ҳаракати иттифоқҳои касабаи Ӯзбекистон бо иштироки Вазорати варзиш ва Федератсияи шоҳмот марҳилаи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар ин мусобиқа зиёда аз 85 ҳазор нафар иштирок намуда, танҳо 56 нафари онҳо ба зинаи ҷумҳурӣ гузаштанд, ба ғолибон диплом ва роҳхат ба сиҳатгоҳ дода шуд.

Пас аз он, ҷоизадорони ҷойҳои ифтихорӣ дар байни мардон ва бонувон эълон гардида, ба ҷойи сеюм 30 миллион сӯм, ба соҳибони ҷойи дуюм 40 миллион сӯм ва ба ғолибони ҷойи аввал 50 миллион сӯм мукофотпулӣ ва медалҳо супорида шуд.

Ю. ШОҲСАНАМ         

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: