Ман чаҳорсола будам. Дар рӯ ба рӯйи боғҳавлии мо як майдони васеъ – зардолузори вақфи масҷиди деҳаи Шалғамон буд. Як рӯз ду-се мошин аскар омада, дар ҳамин ҷо аз латтапораҳои калон хонаҳои латтагин сохтанд.
Онҳо дар ҳар ҷо-ҳар ҷойи ин майдон ҷӯйҳои чуқуриаш қади як одам кофта, ба даруни он туфанг дар даст, ба назари мо, гӯё бо ҳам рустаконбозӣ мекарданд. Баъд маълум шуд, ки дар асл он чуқуриҳо камин ва хандақ буда, аскарҳо машқи ҳарбӣ мегузаронидаанд.
Модарам домани маро аз мавизу чормағз, қоқи зардолую себ, тутмавиз пур карда: – Бачем, инро ҳо, ба ҳамон акаҳоят бурда деҳ. Акои ту ҳам дар куҷое ҳаминҳо барин машқ карда гаштагист, – мегуфт.
Ман он маводро ба аскарбачаҳо медодам, онҳо ба ман як қалам нони булка медоданд. Онро ба модарам диҳам, вай маро сахт коҳиш мекард, ки «чаро нони онҳоро гирифта омадӣ?» Охир, онҳо аскарбача-ку. Пас мани кӯдак он бурдаи нонро боз ба аскарбачаҳо мебурдам, онҳо сару рӯйи маро навозиш карда, ин барои ту, – гуфта, пас мегардониданд...
Чунин буд хотираҳои нахустини ман аз рӯзҳои охири Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945....
Ин воқеа эҳтимол охирҳои моҳи апрел ё рӯзҳои аввали моҳи майи соли 1945 бошад, ки баъди чанд рӯз ин аскарбачаҳо тамоми хаймаву туфангу лашу лушашонро ғундошта, «Ура!» – гӯён ба мошинҳо нишаста рафтанд.
Падарам аз кӯча хушнуд хабар овард, ки ҷанг тамом шудаасту давлати мо ғалаба кардааст.
Модарам: – Аскарбачаҳо рафтанд, Нуриддини ман ҳам меомадагист, – гуфта бо оби чашм изтироб мекашид...
Падарам мегуфт, ки танҳо аз деҳаи Шалғамони мо, ки аҳолиаш он вақт тақрибан 500 нафар будааст, беш аз чил ҷавонмард ба ҷанг сафарбар шуда, аз онҳо шонздаҳ нафарашон барнагаштаанд, ки дар байни онҳо бародари калонии ман Нуриддин ҳам буд.
Бо саъю эҳтимоми яке аз ҷанг баргаштаҳо – Эргашхӯҷа Турсунов, ки чанд муддат раиси маҳалла ҳам буд, ба хотири он шонздаҳ ҷавонрмард дар девори чойхонаи маҳалла лавҳаи хотира ҳам гузошта буданд. Аз он иштирокдорони ҷанг, ки баъзеҳо зиндаю саломат, баъзеҳо ҳамчун Ҳотамамак бо як пой ё чун Давронамаку Амриамак ранҷур баргашта буданд, ҳамчунин аз онҳое, ки дар ақибгоҳи фронт, дар майдони меҳнат кор кардаанд, ҳоло дар маҳалла касе зинда намондааст.
Дар бораи модароне, ки ба ёди фарзанди барнагаштаашон хун гириста, аз дунё гузаштаанд, дар бораи арӯсаконе, ки бо як фарзанд бева мондаанд, байни мардум ва дар адабиёти таърихию бадеӣ ҳамчун қиссаи Сотим Улуғзода «Ёрони боҳиммат» ҳикоятҳои бисёре ҳастанд.
Ҳоло ман мехоҳам дар бораи чанде аз онҳо, ки худ ба хубӣ медонам, нақл кунам.
Соли таваллуди ман дар дафтарчаи хотиравии бародарам – Нуриддин сабт шудааст. Мувофиқи гуфти модари меҳрубонам тобистони ҳамон сол фашистони лаин ба хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум мекунанд ва баробари дигар ҷавонон Нуриддин ҳам моҳи сентябри ҳамон сол ба ҷанг меравад.
Модарам – Латофатбону ҳамеша мегуфт, ки «Ту шашмоҳа будӣ, ки ҷанги хонумонсӯз сар шуд ва дар нӯҳмоҳагии ту бародарат Нуриддин, ки акнун нияти вайро хонадор кардан доштем ва ҷомаи домодӣ ҳам барояш дӯхта монда будам, ба ҷанг рафт ва дигар барнагашт.» Лекин то дами вопасини ҳаёташ мегуфт: «Бародарат Нуриддини ман – нури дидагони ману падарат – имрӯз-пагоҳ омада мемонад». Вай кай медонист, ки ҳамин фарзанди азизи ӯ дар яке аз набардҳои муҳорибаи Сталинград бедарак гум шудааст...
Як мактуби секунҷаи ӯро, ки бори охирин аз фронт навишта буд, дар болори хона овезон карда монда буд ва ҳамеша ба мо мегуфт, ки онро гоҳе ҷунбонида монем, то соҳиби мактуб тез расида ояд. Нони ҳангоми ба ҷанг гуселонидан газидаи ӯ низ дар пешгоҳи хона – болои тахмон меистод ва модарам мегуфт: «Насибаи акоят. Вай имрӯз-пагоҳ омада мемонад».
Ӯ нақл мекард, ки Нуриддин – фарзанди нахустини оила, дар ибтидои соли 1922 таваллуд шудааст. Акоят вақти даъват шуданаш нуздаҳро пур карда, ба бист қадам мегузошт. Мо сандуқи арӯсии ӯро пур карда монда будем. Мана ин ҷомаи домодиро аз беқасаби Китоб худам дӯхта будам...
Модар то поёни умр ҳамеша сифатҳои ҷигарбандашро нақл мекард ва бо чашми чор дар роҳи ӯ аз дунё гузашт...
Дар қарибии боғи мо Мирқобиламак ном мӯйсафеде, ки аз падарам як-ду сол калонтар буд, бо зану келину як набера – Роҳат ном духтарча зиндагӣ дошт. Писари яккаю ягонаи ӯ Рофеъ низ ба ҷанг рафта, бе хату хабар гумном гашта буд. Лекин падару модар ва ҳамсараш ҳамеша мунтазири аз ҷанг баргаштани Рофеъ буданд ва умрашон ҳамин тавр бо раҳпоӣ гузашт.
Маҳтобойтӣ, ки ин номи аслии ӯро касе ба забон намегирифт ва чун «келинчак», «келини Қобиламак» дар байни мардум номбар мешуд, арӯси дӯстрӯй, бар болои ин соҳиби хату савод буду вазифаи ҳисобчии бригадаро ҳам иҷро мекард.
Ёдам ҳаст, ба ӯ аз чанд ҷой хостгорӣ карданд, лекин розӣ нашуд, бори дигар шавҳар кардан нахост. Падару модари муштипари шавҳарашро танҳо монда рафтанро ор донист. Бо гузашти айём пиру кампир ҳам фавтиданду духтараш – Роҳат ҳам ба воя расид ва ба шавҳар баромад. Баъд ӯ ҳамон боғу ҳавлии меросиро ба Мираюб, ки аз хешони Мирқобиламак буду фарзандони бисёр дошт, ройгон бахшиду ба хонаи духтараш кӯчида рафт ва то поёни умр дар ҳамон ҷой зиста, бо ёди шавҳари аз ҷанг барнагаштааш аз олам даргузашт.
Дигар як зани вафодору ба шавҳар содиқ модари шарикдарси мактабии бародарам – Эргашакоям буд.
Ин зани муштипар аз бозе, ки ман бо ин оила равуо доштам, бо модарарӯс, ки як пиразани ниҳоят парастори набераи ягонаи аз писараш ба ёдгор монда буд, ҳамчун модару духтар зиндагӣ мекарданд. Ӯ барои таъмини рӯзгор дар таваллудхонаи назди бемористони деҳкадаи Оқмасҷид фаррош буд. Бинобар ниҳоят ҳалолкору покизакор буданаш сардухтури бемористон Шепилова ва мудири шуъбаи таваллудхона Марго ном зани арманӣ низ ӯро хеле эъзоз мекарданд.
Барои ин зани меҳнатӣ низ борҳо аз дуру наздик хостгорҳо баромаданд, лекин ӯ шавҳар накард, то дами вопасин ҳаёташро бо ёди шавҳар гузаронд. Вай ҳамеша ба модари муштипар хабарҳои умедворкунанда меовард. Аз шавҳари баҷанграфта танҳо писараш Эргаш, ки он вақт ҳамагӣ шашсола буд, нишона монд.
Ҳамин тавр, ин хушдоману келин низ то поёни умр роҳи фарзанду шавҳар поида, аз олам гузаштанд.
***
Дар болотар аз боғи мо – дар деҳаи Қумзор, чанд хонаводаи дигар зиндагӣ мекарданд, ба назарам аз ин деҳа ягон хонадоне набуд, ки ба ҷанг сафарбарнашуда бошанд, ҳатто аз баъзеи он ду-се нафар ба ҷанг рафта буданд. Бисёре аз онҳо барнагаштанд, баъзе маъюбу ногиро бозпас омаданд. Кам буданд мардоне, ки сиҳҳату саломат баргашта бошанд.
Аз ҷумла Файзибобо ном як мӯйсафеди он солҳо синнаш аз 70 гузашта бо зану келин ва як наберадухтар зиндагӣ мекарданд. Ба боғи мо об аз рӯди Даштак бо як ҷӯйча аз байни боғҳавлии ӯ мегузашт. Бинобар ин мо ҳангоми барои обкушоӣ ба ҷӯйи Даштак рафтан сари оброҳа ин пирамарди меҳнатиро зуд-зуд медидем. Зеро вай одате дошт, оби ба мо меомадаро, албатта аз даруни ҳавзе, ки дар назди ҳавлии ӯ буд, мегузаронд. Аз ин рӯ ҳавзи ӯ ҳамеша пуроб ва атрофаш сояю салқин буду худи мӯйсафед дар суфаи лаби ҳавз дароз кашида, чой нӯшида менишаст.
Файзибобо аз касе ранҷад, аламашро аз келинаш мегирифт. Гӯё ҳамин келин пойи қадами нек надошт, бинобар ин писараш Зубайдулло ба ҷанг рафта барнагашт. Аз шаш писари Насриддинбой, ки дар шафати боғу ҳавлии ӯ зиндагӣ мекунад, се нафарашон ба ҷанг рафта, саломат баргашта омаданд. Ҳоло яке ронандаи мошини раиси шаҳр, дигаре муаллими мактаби деҳа, сеюми ҳисобчии бригадаи саҳроӣ. Писари ягонаи вай бошад, наомад...
Келини Файзибобо Сабоҳат дар кори колхоз пешқадам буд. Вай зуд-зуд ба хонаи мо омада, аз модарам барои ягон кори рӯзгор маслиҳат мепурсид.
Модарам мегуфт, ки ба ин ҷавонзани меҳнатӣ аз бисёр ҷойҳои дуруст, ҷавонмардони аз ҷанг бо ордену медалҳои қатор баргашта, хостгор шуда омаданд. Ҳатто баъзе занҳо миёнаравӣ ҳам карданд. Лекин занак ба шавҳари худ содиқ монд. Ба таънаю маломати ноҷои падарарӯси пираш нигоҳ накарда, ба ҳеч яки онҳо розигӣ надод. Вай чунон ки ман роҳи писарамро мепоям, роҳи шавҳари ба ҷанграфтаашро поида нишастааст. Ана ҳамин тавр ба ёди шавҳар бо ҳамин як духтарчаи аз ӯ нишона умрашро мегузаронад. Ана, садоқати зан! Падарарӯсаш бошад, ҳамин ки ранҷид, аламашро аз вай мегирад. Модарарӯсаш зани муштипар буд, мисли ман роҳи фарзанд мепоид. Роҳпоён аз олам гузашт. Лекин келин падарарӯси бадҷаҳлашро партофта нарафт...
Воқеан, ӯ баъди гӯру чӯби падарарӯсу модарарӯс низ бо ёди шавҳар зиндагӣ кард.
Кимё ном духтар дошт. Ҳамон духтараки ягонаашро ба воя расонда, ба ҷойи дуруст гусел кард ва дар ҳалқаи наберагон чанд сол умр дида, ин оламро падруд гуфт.
Кимё вақти мактабхонӣ шарикдарси ман буд ва бо амри модараш дар паҳлӯйи ман менишаст. Сонитар, дар синфҳои болоӣ, ки партаҳои мо чоркаса шуданд, Мавҷуда ва Умаро низ ҳампартаи мо гардиданд. То хатми мактаби даҳсола мо се хоҳару як додар будем. Ба қарибӣ аз олам гузашт, рӯҳаш шод бод!
Аз вай чанд фарзанди солеҳ монданд, ки яке аз онҳо Зафар ном дорад ва соҳибкор аст. Ӯ чароғи хонаи бобою моморо фурӯзон дошта, ба ҷойи ҳавзи ҳамеша пуроби Файзибобо чоҳи артезианӣ кофта, тамоми маҳалларо бо оби ошомиданӣ таъмин мекунад.
***
Дар маҳаллаи мо Исомаддин ном ҳамсоли ман зиндагӣ мекард. Мо пасу пеш мактаби миёнаро хатм кардем. Ӯ бо ҳидояти ман ба шуъбаи шабонаи донишгоҳ дохил шуд ва онро бо муваффақият хатм карда, солиёни зиёд дар мактаб аз забон ва адабиёти тоҷик дарс дод. Аз устодони назарраси ин фан буд, дар озмуну имтиҳонҳо доварӣ ҳам мекард. Баъди аз мактаб ба нафақа баромадан чанд муддат раиси маҳалла ҳам шуд.
Модари Исомаддин – Норчучукмомо низ ҳангоми ба ҷанг гусел кардани шавҳараш Низомиддин ҳамагӣ 21 сол дошт. Дар солҳои ҷанг дар қатори бисёр занону духтарон ва пиронсолоне, ки дар ақибгоҳ монда буданд, дар колхоз кор кард. Аз пешқадамони меҳнат буд. Дар пиллапарварӣ соҳиби мукофот шуд. Ба ин зани меҳнатии шуҳратдор бисёриҳо харидорӣ карданд, лекин ӯ низ то дами вопасин дар ёди шавҳари ҷанграфтааш буд...
Модарам чандин хешовандони худ, аз ҷумла додари дар арафаи хонадоршавӣ ба фронтрафтааш – Собирҷон ва писари калонии худаш Нуриддин, писарамакаш Фазлиддин ва боз якчанд наздиконро ба ёд оварда, ба занони даврони ҷанг тасанно мегуфт, сабру тоқат ва садоқати арӯсакҳои бо як фарзанд тамоми умр роҳпо мондаро таърифу тавсиф мекард.
Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
профессор.
Вилояти Самарқанд.