БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ХОТИРА ВА ҚАДР ЧАНД РӮЗ ИСТИРОҲАТ МЕКУНЕМ?

Вазорати коҳиши камбизоатӣ ва шуғли аҳолӣ ба муносибати ин сана рӯзҳои истироҳатиро эълон кард.

Мувофиқи он:

9 май (ҷумъа) – Рӯзи хотира ва қадр;

10 май (шанбе) – барои онҳое, ки дар ҳафта 5 рӯз кор мекунанд, рӯзи истироҳат ва барои онҳое, ки дар ҳафта 6-рӯз кор мекунанд, рӯзи корӣ мебошад;

11 май (якшанбе) – рӯзи истироҳат аст.

Ҳамин тариқ, ба муносибати Рӯзи хотира ва қадр онҳое, ки дар як ҳафта 6 рӯз кор мекунанд, танҳо рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе ва онҳое, ки дар ҳафта 5 рӯз кор мекунанд, рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбе истироҳат мекунанд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: