МАРДОНИ МАЙДОН

Диловарии падарону бобоёни мо дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва ҳиссаи онҳо дар Ғалаба бар фашизми Олмон бемислу монанд аст.

Имрӯзҳо дар мамлакатамон аз иштирокчиёни ҷанг нафарони каме боқӣ мондаанд. Бисёрии онҳо дар майдони ҷанг барои озодии Ватан шаҳид шуда бошанд, як қисмашон маълӯл гардидаанд. Ҳамаи онҳое, ки дар ҷанг иштирок кардаанду бо ордену медалҳо баргаштаанд ва чун қаҳрамони ҳақиқӣ, мардони майдон, ватанпарварони ҷасур буданд ва мемонанд.

Дар қатори дигар фарзандони ватанамон аз деҳаи Варзики ноҳияи Чуст низ Соҳиб Ёқубов, Умар Ҳасан, Сотим Қосим, Йӯлдошбой Каримов, Нозимбой Ашурматов, Умарҷон Ҷӯраев, Умурзоқ Бойматов, Мирзоҷон ва Маҳмудҷон Эргашевҳо, Исмоил Ёқубов ва бисёре дигарон (қариб 700 нафар) дар майдони ҷанг қаҳрамонӣ нишон додаанд, номашон абадан дар сафҳаи таърих сабт шудааст. Аз ҳамдеҳагони мо 278 нафарашон бо ордену медалҳо сарфароз гардидаанд.

Нозимбой Ашурматов дар ҷанг аз як пояш ҷудо шуда омада бошад ҳам, «ман маъюб» гуфта нанишааст. Ӯ аз соли 1946 то ба нафақа баромаданаш дар колхоз аробакаш буд.

Умар Ҳасан бошад, баъди ҷанг муаллим, директори мактаб ва 17 сол мудири шуъбаи маорифи ноҳия шуда меҳнат кардааст.

Маълӯли дараҷаи дуюм Соҳиб Ёқуб то ба нафақа баромаданаш ҳамчун муаллим, директори мактаб ва раиси Шӯрои деҳа фаъолият бурдааст.

Ҳасанбой Шаҳобов баъди аз ҷанг баргаштан ҳамчун котиби кумитаи ҳизбӣ дар ноҳияҳои Чуст, Янгиқӯрғон фаъолият бурда, дар пешравии соҳаҳои таълим, тандурустӣ, хоҷагии халқ ҳисса гузоштааст.

Имрӯз ворисони иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо бобою падарони ҷасури худ фахр мекунанд. Бисёр наберагони он мардони майдон имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ватанамон хидмат мекунанд.

Ба наздикӣ тамоми мардуми сулҳпарвари дунё 80-солагии Ғалабаро бар фашизми Олмон ҷашн мегиранд. Дар мамлакати мо низ бо ташаббуси Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев чорабиниҳои давлатӣ баргузор ва мукофотҳои давлатӣ таъсис гардидааст, ки ҳамаи ин барои хотира ва шод гардонидани рӯҳи мардони майдон нигаронида шудааст.

Назирҷон Эргашев.

Вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: