МАКТАБИ РАҚСИ БУХОРО: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ

Дар мамлакатамон асосан се мактаби рақси анъанавии миллӣ – Тошканду Фарғона, Хоразм ва Бухоро мавҷуд аст. Байни онҳо мактаби рақси Бухоро мақоми ба худ хос дорад.

Бухоро чун яке аз марказҳои тамаддуни олам шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ин сарзамини бостонӣ ба арсаи олам Абуалӣ ибни Сино, Имом Бухорӣ, Абдухолиқи Ғиждувонӣ, Баҳоуддини Нақшбанд, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абдурауфи Фитрат барин бузургони илм, адабиёт, маънавият, инчунин Бобо Ҷалол, Бобо Ғиёс, Домуллоҳалим Ибодов, Мухтор Ашрафӣ, Аслӣ Бурҳонов, Аҳмад Бобоқулов, Мутаваккал Бурҳонов, Олим Хӯҷаев, Раззоқ Ҳамроев барин арбобони санъатро инъом кардааст. Бухорои шариф нафақат бо ёдгориҳои таърихӣ, балки бо дурдонаҳои илми мусиқии худ низ дар ҳафт иқлими олам маълуму машҳур аст. «Шашмақоми Бухоро», «Мавригиҳои Бухоро» аз ҷумлаи онҳост. Дастаҳои фолклорӣ-этнографии «Нозанин», «Моҳу Ситора», «Ширу шакар», «Мавригӣ» бобати ба аҳли олам муаррифӣ намудани савту сурудҳои мардумии бухороиён хидматҳои арзанда кардаанду мекунанд. Маълум аст, ки дар мамлакатамон асосан се мактаби рақси анъанавии миллӣ – Тошканду Фарғона, Хоразм ва Бухоро мавҷуд аст. Байни онҳо мактаби рақси Бухоро мақоми ба худ хос дорад. Мо бо мақсади дар ин бора пайдо намудани маълумот ба донишманди соҳа Ботир Рустамов ва директори мактаб-интернати рақси Бухоро – Саломат Раҳмонова вохӯрдам.

Ботир Назарович зодаи ноҳияи Косон буда, пас аз хатми мактаби миёна дар омӯзишгоҳи хореографияи Тошканд ва Донишгоҳи давлатии фарҳанги Маскав (баъди хатми курси якум дар Институти давлатии маданияти Тошканд) таҳсил гирифта, дар ансамбли «Лазгӣ»-и Филармонияи давлатии Ӯзбекистон ва мактаби ихтисосонидашудаи санъати Бухоро фаъолият нишон додааст.

Шогирдаш Саломат Раҳмонова дастпарвари ансамбли бачагон – «Бойчечак» дар назди қасри талабагон, хатмкунандаи мактаби санъат ва факултети мусиқии ДДБ, балетмейстери «Бухоро гӯзаллари» ва дастаҳои рақсии филармонияи Бухоро, Корманди шоистаи фарҳанг, ки дар 15-то мамлакати хориҷӣ сафари эҷодӣ анҷом додааст.

Ҳамсараш Илҳом Наимов, фарзандонаш Фирдавс ва Фарангис низ кормандони соҳаи санъат мебошанд.

Ба мо бобати омӯхтани мактаби рақси Бухоро устоди санъат, собиқадори меҳнат Машраб Қодиров низ кумак расонд.

***

Дар Бухоро барои дилкашу хотирмон гузаштани тӯю маъракаҳо аз қадимулайём созандаҳо хидмат кардаанд. Онҳо шашмақомхонӣ, мавригихонӣ карда, бо савту суруд, рақсҳои зебо аҳли давраро ба худ ҷалб кардаанд. Модарон, оямуллоён, тӯтипошшоён дар базмҳо бахшида ба асосгузори Арки Бухоро – Сиёвуш марсияю мадҳияҳо хондаанд. Бонувон дар ҳавлиҳо доиразанӣ карда духтаронро ба рақс роҳнамоӣ намудаанд. Мушоираю мухаммасхониҳо сурат гирифтааст.

Созандагӣ дар Бухоро маънои васеъ дошт. Бояд созанда таронаҳои «Шашмақом», мавригихонӣ, сурудҳои маросимию мавсимиро хуб медонист, талаб карда мешуд, ки бобати иҷрои рақсҳои мардумӣ ҳунар дошта бошад. Ба доиразанӣ, маҳорати истифодабарии қайроқ ва занг нигоҳ карда ба ӯ баҳо медодаанд. Созандагони моҳир, бобати мухаммасхонӣ, ҳозирҷавобӣ ҳамто надоштанд.

Дар Арки Бухоро таҳти сардории модари Амир – Эшонойим созандагони махсус – «Ӯрдаи хоссачӣ» низ фаъолият нишон додаанд. Дар ин ҷо ҳар моҳ камаш як бор маросимҳои тӯй: саллабандон, ҷомапӯшон, хатна ва ғайра ба амал омада, созхона бо шукӯҳ ҷиҳозонида мешудааст. Дар Бухоро бонувон ҳафт курта (ҳафт пироҳан) ба бар карда ба меҳмонӣ мерафтаанд. Ин анъанаро созандагон низ идома додаанд. «Мактаби устою шогирд» дар соҳаи созандагӣ низ амал кардааст. Созандагони моҳир духтарони муносиб, боистеъдоди 12-14-соларо ба шогирдӣ мегирифтанд. Онҳоро «духтарҷон» меномидаанд. Вақте ки духтарон санъати созандагиро пурра азбар карданд, дар маросими «Камарбандон» ба онҳо фотиҳа дода мешудааст.

Усулҳои доира дар санъати созандагии Бухоро мақоми асосӣ дорад. Рақсҳои бухороӣ хусусиятҳои ба худ хос доранд. Раққоса ҳангоми рақс вобаста ба таъсири оҳанг эҳсосоти худро ифода мекунад.

Дар ин рақсҳо ғурури ба худ хоси духтарони бухороӣ, нафосату зебоии онҳо акс меёфтанд. Яке аз рақсҳои бухороӣ «Зангбозӣ» ном дорад.

Дар Бухоро дар маҳаллаи рехтагарӣ ин асбоб – зангӯлаи рақс тайёр карда шуда, созандагон онро ба банди даст, миёнбанд ва пояшон гузаронида мерақсанд. Овози занг ба рақс ҷозиба мебахшид.

Рақси қайроқ (бо чор қайроқ) низ таърихи зиёд дорад. Ин рақс низ бо ҷозибаи худ тамошобинонро беихтиёр сӯйи худ ҷалб месохт.

Дар Бухоро устодони ин соҳа Гулӣ қайроқ, Рая қайроқ, Гавҳарбегим қайроқ машҳуранд.

Рақси нақора якҷоя бо доира сурат гирифта, раққоса дар ҳавои садои дилкаш худро ба замин партофта бо зонуҳояш давраро чарх мезанад ва чолокии худро намоиш медиҳад. Рақси бухороиён бинобар анъана аз лаҳза, қисм, ҳаракатҳои махсус иборат аст ва онҳо бо истилоҳу номҳои гуногун ифода меёбанд: заминбозӣ – рақс бо ду зону дар замин, раққоса гоҳ хам шуда, гоҳ қоматашро бардошта, китф афшонда, дар мавридаш нӯги ангуштонро ба замин расонда мерақсад: остинбозӣ, пешонибозӣ, арисинабозӣ, доманбозӣ, тақсимачазанӣ, каҳрафтор, ларзон, заминзанӣ, доманзанӣ, чархи миён, чархи камон, мӯрчамиён, чарондузану, чиллакӣ...

Замонҳое буданд, ки ба рақс ва рушди санъати бонувон халал мерасонданд.

Бо вуҷуди ин, дар чорчӯбаи одоб ва ахлоқ ҳунарҳои зебои мардумӣ инкишоф меёфт. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар Бухоро бобати рушди санъати созандагӣ Оймуллои Танбӯр, Ибохон хидматҳои арзанда кардаанд.

Солҳои панҷоҳуми асри гузашта дар Бухоро таъсис ёфтани Театри яҳудиёни Бухоро ба тараққиёти рақс кӯмак расонд. Дар ин бора хидматҳои Исохор Оқилов ва аҳли фарзандони вай Маргарита, Вилоят, Лола, Зулайхо Оқиловаҳо арзанда аст.

Асосгузори дастаи ҳунарии «Бухорча», Корманди шоистаи маданияти Ӯзбекистон Клавдия Ким ва Муаззам Амонова будаанд. Асосгузори опера ва балети Ӯзбекистон, оҳангсоз Мухтор Ашрафӣ дар асараш «Афсонаи духтари Кашмир» аз рақси бухороӣ самаранок истифода бурдааст. Ҳамин тариқ, дар Бухоро созмон ёфтани дастаҳои «Сайқал», «Лола» (дар ноҳияи Бухоро), «Нозанин», «Моҳу ситора», «Гулшани Бухоро», «Ширу шакар», «Бухоро мавҷлари», «Бухоро гӯзаллари» ва ғайра боиси инкишофёбии рақсу суруд дар вилоят гардид. Бояд эътироф намуд, ки бобати рушди санъати рақс дар Бухоро Кундалхон, Гулисурх, Амбари Ашк, Эшоноим, Губур, Ношпӯтихон, Червонхон, Бахмал, Маҳтобхон, Барнои Каркигӣ, Туҳфахон (Яфе Пинхасова), Ояхон (Олима Ҳасанова), Гулчеҳра Мамедова, Боғдагул Тӯраева ва дигарон хидматҳои арзанда кардаанд.

Боиси хурсандист, ки солҳои охир дар вилояти Бухоро бобати омӯхтани мероси маънавии халқамон, аз ҷумла, ба дурдонаҳои санъат ҷалб намудани наврасон ғамхориҳо афзудааст. Чанде пештар дар ин ҷо мактаб-интернати ихтисосонидашудаи рақс воқеаи муҳим гардид. Ҳоло дар ин ҷо 18 нафар кормандони таълимгоҳ ба 50 нафар ихлосмандони рақс асосҳои санъати зеборо меомӯзанд.

Ҳоло Гулнора Баҳромова, Шарбат Бекназарова, Дилноза Ибодова, Ҳилола Бакарова, Зулола Содиқова, Шаҳноза Аҳмадова, Нигина Шомуродова, Фирӯза Раҳмонова барин раққосаҳои моҳир дар ҷамоаҳои эҷодӣ ва таълимгоҳҳои ихтисосонидашуда ба наврасон асрори ҳунар меомӯзанд.

Кори Муаззам Амонова, Клара Ким, Розия Шарифова, Розия Қулиева, София Маматқулова, Гулчеҳра Мамедова барин устодони рақсро идома медиҳанд.

Имрӯз ба мактаби рақси Бухоро афзудани эътибори оламиён боиси ифтихор аст. Академияи вертуалии «Евро Осиё» таҳти роҳбарии Эликохонум Накамура тадбирҳое, ки аз соли 2021 инҷониб дар Сиэтли ИМА ба тарзи онлайн мегузаранд ва дигар чорабиниҳо инро собит мекунанд.

Туҳфахон (Яфо) Пинхасова, ки ҳам дар Бухоро ва ҳам дар ИМА бобати тарғиботи савту суруд, рақс, фолклори Бухоро хидматҳои арзанда карда, китоби вай таҳти унвони «Санъат ва санъаткорони мусиқии анъанавии бухорӣ» соли 2000-ум дар Тел-Авив ба забони тоҷикӣ чоп шудааст, дар сарсухани китоб чунин овардааст: «Бухоро яке аз шаҳрҳои қадимии Осиёи Миёна аст. Ватани Рӯдакию Ибни Сино, Аҳмади Дониш, Садриддини Айнӣ, маркази анъанаҳои санъати мусиқии Шарқи Миёна мебошад. Саҳифаҳои дурахшони таърихи Бухоро хотирнишон мекунад, ки ҳаёт ва зиндагӣ дар шаҳри азим аз ҳама ҷиҳат фаровон буд.

Аз ин сабаб миллатҳои дигар мамлакатҳои Осиё, ҳамчунин яҳудиён барои истиқомат ба Бухоро мекӯчанд! Яҳудиён чун дигар миллатҳо ба халқи Бухоро дӯсту наздик шуда, забон, урфу одат, мусиқӣ ва санъатҳои бухороиро омӯхта, ба худ қабул мекунанд...» .

Амрулло Авезов,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: